Дар куҷо деҳаҳои сайёҳӣ , агромаҳалла ва этнокишлоқ ташкил мекунанд


Ба муносибати баста шудани сарҳадҳои Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ва вазъияти ба миён омада дар сохаи сайёҳи департаменти инкишофи сайёҳӣ тадбиркоронро даъват мекунад, ки фаъолияти худро ба беҳдошти потенсиали сайёҳии вилоят, аз ҷумла таъмири зарурии меҳмонхонаҳо, нақлиёт, ресторан ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ равона кунанд.
Бояд қайд кард, ки ҳоло корҳо доир ба ташкили минтақаҳои сайёҳӣ пурра идома доранд, аз ҷумла деҳа ва маҳаллаҳои сайёҳӣ дар қаламрави шӯроҳои шаҳрвандони деҳаҳои Боғи баланд ва Конигили ноҳияи Самарқанд, Хоҷа Исмоили ноҳияи Пайариқ, инчунин ташкили Агродеҳа дар ноҳияи Самарқанд ва этнокишлоқ дар қаламрави шӯрои шаҳрвандони Терсаки ноҳияи Ургут корҳои мазкур дар доираи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 30 — юми сентябри соли 2019 таҳти рақами 828 иҷро карда мешаванд
Ғайр аз ин дар қарори мазкур қайд карда шудааст, ҳоло дар ташкил кардани кӯчаи гастрономи кӯчаи Орзу Маҳмудов дар ин самт корҳои васеъмиқёс амали мешаванд.Дар онҳо кормандони шӯъбаи департамент роҷеъ ба инфрасохтори сайёҳӣ иштирок мекунанд.
Хизмати матбуоти департаменти инкишофи сайёҳӣ дар вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ