Барои дар кӯчаҳои Маскав гаштан танҳо бо рухсатномаи махсуси ҳокимияти шаҳр иҷозат дода мешавад

Барои дар кӯчаҳои Маскав гаштан танҳо бо рухсатномаи махсуси ҳокимияти шаҳр иҷозат дода мешавад

  • Post category:Ҷаҳон

*
Сергей Собянин, ҳокими Маскав барои пешгирӣ аз коронавирус дар пойтахт режими шадидтар ҷорӣ кард.
Дар рӯзҳои наздик танҳо бо иҷозатномаи махсус, ки аз ҷониби ҳукумати шаҳри Маскав дода мешавад, дар кӯчаҳои пойтахти Русия гаштан иҷозат аст.
“Режими шадид барои дар хона нишастан ба ҳама дахл дорад. Гаштан дар кӯчаҳои Маскав танҳо бо иҷозатномаи махсус, ки аз ҷониби шаҳрдорӣ дода мешавад, иҷозат аст”, — таъкид доштааст мақомоти шаҳри Маскав.
Маҳдудиятҳо новобаста аз сину сол дар ҳудуди шаҳри Маскав аз 30 март ҷорӣ карда мешавад.
Тибқи қарори Собянин берун омадан аз хона барои он нафароне иҷозат аст, ки мехоҳанд ба ёрии таъҷилӣ муроҷиат намояд ё иҷозат барои рафтан ба кор доранд.  
Инчунин, ба сокинони шаҳри Маскав барои рафтан ба дорухонаҳо ва мағозаҳои хурока, ки наздики хонаашон қарор доранд,  иҷозат дода шудааст.  Сайругашт бо сагҳо хонагӣ дар дуртар аз 100 метр аз ҷои истиқомат иҷозат нест.
Ҳамчунин, сокинон метавонанд барои партофтани партов ба берун бароянд.
Собянин ба ҳамаи ташкилоту корхонаҳо дастур додааст, ки барои каноргирии 1,5 метраи ҳар як шахс шароит муҳаё намоянд.
Ҳамзамон, бино бар паҳншавии коронавирус ба бекорон ҷубронпулӣ дода мешавад. Аз 1 апрели соли равон ин маблағ 19,5 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки дар ҳоли ҳозир дар Русия беш аз 1,5 ҳазор нафар мубтало ба коронавирус шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ