Ҳангоми зарурат, барои аз нақлиёти шахсӣ фоида бурдан, рухсат дода шуд

Ҳангоми зарурат, барои аз нақлиёти шахсӣ фоида бурдан, рухсат дода шуд


Баъд аз онлайн-брифинги Шӯъбаи корҳои дохилӣ имрӯз котиби матбуот Шоҳрух Ғиёсов дар масъалаи зарурати нақлиёти шахсӣ чунин ҷавоб дод: — дар давраи карантин ҳангоми пайдо шудани зарурият монанди ёрии зудии тиббӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, шикаст ёфтани аъзои бадан, инчунин ҳолатҳое, ки ба ҳаёти инсон таҳдид меандозад, метавонанд аз нақлиёти шахсӣ фоида барад. Дар ин ҳолат агар ходимони бехавфии роҳ (ЙПХ) нигоҳ дорад, бе ягон асабоният сабаби ба кӯча баромадан ва вазъиятро фаҳмонда диҳад онҳо шуморо бемуаммо ҷавоб медиҳанд. Агар аз дасташон ояд ба шумо ёрӣ медиҳанд»- гуфт Ш. Ғиёсов.
Бояд таъкид намуд, ки агар зарурат набошад, зинҳор ба кӯча набароед, чунки ходимони ҳуқуқ ва тартибот доимо дар назоратанд. Ҳаёти худ ва дигаронро асло зери хавф нагузоред!
Манбаъ: kunuz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ