Коронавирус: вазъият дар Ҳиндустон чӣ гуна аст?

Коронавирус: вазъият дар Ҳиндустон чӣ гуна аст?

  • Post category:Ҷаҳон


Ҳукуматдорони Ҳиндустон ҳамагӣ чор соат қабл аз шурӯи карантини сеҳафтаина шаҳрвандони кишварашонро, ки 1,3 миллиард мебошанд, аз оғози он огоҳ карданд. Мутобиқи маълумоти расмӣ, дар Ҳиндустон тахминан 900 нафар мубталои коронавирус гаштаанд.
Дар ин бора Агентии «Казинформ» бо истинод ба Би-Би-Си иттилоъ додааст.
Вале коршиносон аз он ҳарос доранд, ки дар асл ин рақам метавонад хеле зиёдтар бошад. Дар ин кишвар фавти 20 нафар аз бемории COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ