Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 537 нафар расид

Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 537 нафар расид
  • Post category:Ҷаҳон


Шумораи умумии гирифторони коронавирус дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба 537 нафар ва дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба 3901 кас расид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон ва мамлакати мо, ки ҳамчунин аъзои ИДМ мебошанд, шумораи мубталоён ба коронавирус мутаносибан 294, 94 ва 148 нафарро ташкил медиҳад.
Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар Россия 1836 ҳолат, Арманистон – 482, Украина – 480, Молдова – 263, Озарбойҷон – 209 ва Беларус – 94 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.
Дар аксарияти ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то ин дам дар Россия 66 нафар, Беларус — 32, Арманистон — 30, Қазоқистон — 20, Озарбойҷон — 15, Молдова — 13, Украина — 6 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 9 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус, Украина – 11, Озарбойҷон – 4, Арманистон – 3, Молдова – 2 ва Қазоқистон — 1 ҳолат ба қайд гирифта шуд.
Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 735 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 34 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 156 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 28 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ