Ба собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон мукофоти пулй ба миқдори 10 миллион сум дода мешавад

Ба собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон мукофоти пулй ба миқдори 10 миллион сум дода мешавад

Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев фармонро дар бораи рағбатнокии молиявӣ ба собиқадорони ҷанг ва маъюбон ба муносибати ҷашни 9 май — Рӯзи хотира ва қадршиносй, инчунин 75-солагии ғалаба бар фашизм дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба имзо расонид. Ба гуфтаи вай, ба иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ маблағи як маротибагй ба миқдори 10.000.000 (даҳ миллион) сӯм дода мешавад. Хароҷот вобаста ба иҷрои Фармони мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Ӯзбекистон пардохт карда мешавад. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурияти Ӯзбекистон, Вазорати маҳалла ва дастгирии оила, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати молияи Хадамоти Амнияти Давлатӣ, Бонки марказӣ, Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, ҳокимиятҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд дар якҷоягӣ бо мақомот таъминоти тантанавии ин ҷоизаи пулиро ба собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ва маъюбон таъмин намоянд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ