Донишманди эронӣ доруи дармони коронавирусро кашф кард. Оё ин рост аст?

Донишманди эронӣ доруи дармони коронавирусро кашф кард. Оё ин рост аст?

  • Post category:Саломатӣ


Масъуди Сулаймонӣ, донишманди эронӣ ва устоди Донишгоҳи тарбияти мударрис дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс эълон кардааст, ки доруи дармони коронавирус бо истифода аз ҳуҷайраҳои бунёдин сохта шудааст. Дар ин бора “Спутник” хабар медиҳад
Гуфта мешавад, ки аксари табибони эрони розиги додаанд, то ин дору барои табобати гирифторони каронавирус истифода шавад.
Инчунин донишманди эронӣ афзудааст, ки доруи зидди коронавирус бар рӯйи бемороне, ки дар марҳилаи аввали гирифторӣ ба ин беморӣ қарор доранд, дар се марҳила нисбат ба дармони комили онҳо мусбат арзёбӣ шудааст.
Сулаймонӣ зикр кардааст, ки ин дору дар фосилаи аз 3 то 6 рӯз баъд аз ворид кардан ба ҷисми нафари сироятёфта, шифо хоҳад ёфт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ