Дар мавриди карантин истеъмоли чӣ гуна хӯроквориҳо муҳим аст?

Дар мавриди карантин истеъмоли чӣ гуна хӯроквориҳо муҳим аст?

Савол: Чаро дар поликлиникаҳо ягон постгоҳи махсуси табибон ва ҳамшираҳо бо либоси махсус, айнак ва дастпӯшак муҷаҳҳаз карда нашудаанд, то ки беморони гирифтори COVID-19-ро аз беморони дигар фарқ кунанд?
Ҷавоб: Ғояи хуб аст, ки ҳоло соҳаи тандурустӣ аз рӯйи ин масъала кор мекунад. Бо ин мақсад, дар тамоми амбулаторияҳо ва беморхонаҳо филтрҳои махсус барои ташхиси саривақтии беморӣ дар беморон таъсис дода шудаанд.

Савол: Мехостам, дар бораи маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ҳангоми карантин истеъмол карда мешаванд ва ё истеъмол кардан мумкин нест, маълумот гирам.
Ҷавоб: Ҳангоми рӯзҳои карантинӣ ва тадбирҳои маҳдудкунанда нақшаи махсуси хӯрокворӣ лозим нест. Парҳезро ба таври муқаррарӣ идома додан мумкин аст, агар парҳез бо кабудӣ, маҳсулотҳое ки иммуннитетро афзун месозад, алахусус онҳое, ки дорои витамини С мебошанд, албатта хуб мешавад.

Савол: Пӯшида нест, ки аз сабаби бемории COVID-19 мардуми ҳудудҳои дурдаст ба шаҳр омада наметавонанд. Доруворӣ ва қисми зиёди маҳсулоти зарурӣ дар шаҳр мавҷуданд, ки ин барои аҳолӣ як қатор мушкилотро ба вуҷуд меорад. Ҳалли ин масъала чӣ гуна аст?
Ҷавоб: Албатта, ин масъала хеле муҳим аст ва мо фикр мекунем, ки чораҳои карантинӣ дер давом нахоҳанд кард. Агар шумо доруҳоеро дар назар дошта бошед, ки шумо ҳар рӯз истеъмол мекунед, тавсия мекунем, ки онро пешакӣ захира кунед. Ғайр аз ин, акнун хизмати дорухонаҳо боз ҳам васеътар мегардад. Агар шумо доруҳои лозимаро аз дорухонаҳои ҳудудӣ дарёфт накунед, аз ходимони дорухона хоҳиш намоед, ва дуруст фаҳмонед, ки бояд ҳамин гуна дорувориро дастрас намоянд. Барои ин бояд шумо то тамом шудани захираи доруҳоятон нигоҳ накарда, пешакӣ муроҷиат намоед.

Савол: Чаро Вазорати тандурустӣ рӯйхати аломатҳо ва меъёрҳоро барои даъват кардани шифокорон ба хона (инчунин ҷавобгарии зангҳои бардурӯғ) ворид накардааст. Охир, дар шароити кунунӣ, дар сохтори тиббӣ норасоии кадрҳо вуҷуд дорад, ки ба кӯмаки ҳақиқии шифокорон ниёз доранд?
Ҷавоб: Савол ба маврид аст. Бояд гуфт, ки ҳар сол дар Ӯзбекистон беш аз 10,000 зангҳои бардурӯғ содир карда мешаванд. Дар асл, онҳо вақти табибонро беҳуда сарф мекунанд ваҳоланки дар чунин ҳолат шахси мӯҳтоҷ ба ёрии таъҷилӣ азият кашиданаш мумкин аст.

Ба саволҳо сардори инспексияи давлатии назорати санитариву эпидемиологии назди Девони Вазирон Нурмат Отабеков ҷавоб дод.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ