Ба донишҷӯёни ӯзбекистонии муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон иҷозат дода шуд, ки то кам гардидани сирояти коронавирус дар хонаи худ бимонанд

Ба донишҷӯёни ӯзбекистонии муассисаҳои таълими олии Тоҷикистон иҷозат дода шуд, ки то кам гардидани сирояти коронавирус дар хонаи худ бимонанд


Барои садҳо донишҷӯи ӯзбекистонии макотиби олии вилояти Суғд иҷозат дода шудааст, ки то коҳишёбии шиддати хуруҷи бемории коронавирус ё COVID-19 фориғ аз таҳсили донишгоҳҳо дар кишвари худ бимонанд.
Ин қарор дар пайи гуфтушуниди масъулини Вазоратҳои маорифи кишварҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз эҳтимолияти паҳни бемории коронавирус гирифта шудааст.
Ҳоло машғулиятҳо барои донишомӯзоне, ки дар бахшҳои ғоибонаи донишгоҳҳо таҳсил мекунанд шурӯъ нашудааст ва қарор аст он ба моҳҳои баъдӣ гузаронида шавад.
Бар пояи маълумоти расмӣ ҳоло ҳудуди 5 — 6 ҳазор донишомӯз аз кишвари мо дар бахшҳои рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳҳои олии Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ