10 МАЪЛУМОТИ АҶИБ ДАР БОРАИ МАҒЗИ САРИ ИНСОН

10 МАЪЛУМОТИ АҶИБ ДАР БОРАИ МАҒЗИ САРИ ИНСОН

  • Post category:Саломатӣ


Мағзи инсон ва шинохти печидагиҳои хоси он ҳамвора барои башар ҷаззоб будааст. Инсон як намунаи шигифтангез барои шинохт ба шумор меравад ва мавориди бешуморе дар мавриди инсон ногуфта боқӣ мондааст. Дар ин матлаб ба 10 воқеияти ҷолиб дар бораи мағзи инсон хоҳем пардохт, то шояд диди беҳтаре нисбат ба муҳимтарин узви бадани худ дошта бошем.

  • Оё медонистед, ки…

Дар мағзи инсон 160,000 километр рагхун вуҷуд дорад
Ин ба ин маънӣ аст, ки агар тамоми рагҳои хуни мағзро дар имтидоди якдигар қарор диҳем, шумо метавонед онро 4 бор даври курраи Замин бипечонед ё ин ки курраи Моҳро бо рагҳои мағзи ду нафар ба Замин муттасил кунед.
Амалкарди мағзи инсон ба шиддат ба навъи тағзия вобаста аст
Бо истифода аз ғизоҳои солим метавон ҳушро афзоиш дод. Тибқи таҳқиқоте, ки дар як муассиса дар Ню-йорк анҷом шуда, агар шумо ғизои наҳор бихӯред, ки ҳеҷ гуна маводи нигаҳдорнда ва ё таъмдиҳандаи маснуи надошта бошад, 14 дарсад дар тист iq имтиёз беҳтари касб хоҳед кард. Ин кашф бисёр чашмгир аст ва нишон медиҳад, ки амалкарди мағз ба шиддат ба навъ тағзия вобастааст.
Бештари вазни мағзро об ташкил медиҳад ва бахши танҳои мағз умдатан аз ҷинси чарбӣ аст
Бештари мардум тасаввур мекунанд, ки мағз ба таври комил танҳо аст, аммо ин афрод иштибоҳ мекунанд. 75 дарсади мағзро об ташкил медиҳад. Бахши танҳои мағз низ аз ҷинси чарбӣ аст ва тақрибо 10 то 12 дарсади мағзро ташкил медиҳад. Бақияи мағз аз ҷинс пратаин, гидрокарбун ва намак аст.
Мағз шумо байн 10 то 23 волт барқ тавлид мекунад?
Ин қудрат барои рӯшноии ду лампи каммасраф кофӣ аст. Бахши умдае аз ин қудрати тавлид шуда тавассути мағз ба манзур иртиботи асабии мағз бо дигар аъзо истифода мешавад.
Тардастӣ ва ёдгири корҳои печида мӯҷиби тағйироти сареъ дар мағз мешавад?
Тардастӣ ва ёдгири корҳои печидаи ҷадид таъсир бисёр мусбате бар рӯйи мағзи инсон дорад. Тардастӣ ва ҳаракоти печида мӯҷиби рушди бахши хосе аз мағз мешавад, бинобар ин иттисолоти асаб дар мағз афзоиши чашмгир мешавад. Ҳамчунин корҳо ва масоили печида метавонад мӯҷиби рушди чашмгири мағз гардад.
Ҳар фикре, ки мекунед як иттисоли асаби ҷадид дар мағзатон эҷод мекунад?
Мағз аз он чизе, ки тасаввур мекунед инъитофпазиртар аст ва ба мурури замон тағйир мекунад. Агар дар ҳамин лаҳза ба мавзӯи ҷадиде фикр кардед, мутмаин бошед дар мағзи шумо ба ҳамон мизон иттисоли асаби ҷадид эҷод шудааст.
Як фарди маъмулӣ рӯзона 70 ҳазор фикр анҷом медиҳад?
Шумо ҳамеша дар ҳоли фикр кардан ҳастед. Бо тағйири ин тафаккурот, шумо метавонед ба таври кулли симкаши асаби мағзатонро тағйир диҳед.
Ҳангоми хандидан аз 5 бахш мағз истифода мешавад?
Хандидан мавзӯъи хандадор нест, ин фароянд бахшҳои зиёде аз мағзро даргир мекунад. Хандидан барои фаъолсозии мағз бисёр муассир аст ва маводи химиёи тақвияткунандае дар бадани шумо ҳангоми хандидан раҳо мешавад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки хандидан барои чанд дақиқа дар ҳар рӯз мӯҷиби беҳбуди вазъияти рӯҳӣ, афзоиши эҳсоси хушбахтӣ ва афзоиш амалкарди мағз дар халлоқият мешавад.
Мағз тавоноии эҳсоси дардро дар ҳеҷ сурате надорад?
Мағз қодир ба ҳис кардани дард, дар худ нест ва танҳо метавонад дарди бахшҳои дигари баданро дарёфт кунад. Дар воқеъ ҳеҷ дарёфткунандаи дарде дар мағз вуҷуд надорад.
Мағзи инсон 9.3 сантиметр иртифоъ дорад?
Мағз аз он чизе, ки мардум тасаввур мекунанд кӯчактар аст. Андозаи мағз 16 дар 14 дар 9.3 сантиметр ва вазни он 1.3 килограмм аст. Дар ҳамин 1.3 килограмм 200 миллион силлули асабӣ (нерон) вуҷуд дорад.
Таҳияи А. Амон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ