COVID-19: даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои сироятёбӣ ва вафоти шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст


Дар саросари ҷаҳон теъдоди мубталоён ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 785 ҳазор нафар расида, шумораи шифоёфтагон аз 165 ҳазор кас ва фавтидагон аз 37 ҳазор тан гузашт. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Ба ҳолати субҳи 31-уми март дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия 1836 ҳолат, Украина – 548, Арманистон – 482, Қазоқистон – 325, Молдова – 298, Озарбойҷон – 273, Беларус – 152, Ӯзбекистон – 150 ва Қирғизистон — 94 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид..
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 66 нафар, Беларус — 32, Арманистон — 30, Озарбойҷон — 26, Қазоқистон — 21, Молдова — 15, Украина – 8, Ӯзбекистон – 7 ва Қирғизистон – 3 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 9 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус, Украина – 13, Озарбойҷон – 4, Арманистон – 3, Молдова – 2 ва Қазоқистон — 1 ҳолат ба қайд гирифта шуд.
Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 164 253 нафарро ташкил медиҳад.
Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 101 739 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 11 591 нафарро ташкил медиҳад.
Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 87 956 нафар мубталои коронавирус шудаанд.
Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Чин — 81 518, Германия — 66 885, Франсия — 44 550, Эрон — 41 495, Британияи Кабир — 22 141, Швейтсария — 15 922, Белгия – 11 899, Нидерланд – 11 750, Туркия – 10 827, Кореяи Ҷанубӣ — 9 786, Австрия – 9 618 ва Канада – 7 474 ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи зиёди беморон дар Чин — 76 052 нафар, Испания — 16 780, Италия — 14 620, Эрон — 13 911, Германия — 13 500, Франсия — 7 927, ИМА — 5 506, Кореяи Ҷанубӣ — 5 408, Швейтсария — 1 823 ва Белгия — 1 527 нафар шифо ёфтаанд.
Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (11 591 нафар), Испания (7 716), Чин (3 305), ИМА (3 165), Франсия (3 024), Эрон (2 757), Британияи Кабир (1 408), Недерланд (864), Германия (645) ва Белгия (513) дохил мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ