Дар таърихи Ӯзбекистон бори аввал сӯзишвории намуди «Евро — 4» ва «Евро — 5» кор карда баромаданд

Дар таърихи Ӯзбекистон бори аввал сӯзишвории намуди «Евро — 4» ва «Евро — 5» кор карда баромаданд


Санаи 6 уми феврали соли ҷорӣ бо ташаббуси Президентамон оиди натиҷаи корҳои саноатии нефту газ, кашида гирифтани газҳои табиӣ ва углеводҳои моеъи зеризаминӣ муҳокима шуд.
Пас аз ҷамъомади роҳбари давлатамон, роҳбари нави ҷамъияти аксионерии «Ӯзбнефтгаз» М. Абдуллаев бо иштироки худ аз пайи вазифа ва супоришҳо гашт. Бар асоси супоришҳо коркарди нефти Бухоро зина ба зина модернизатсия карда шуд. Аз он сӯзишвории дизелӣ сифаташ тоза ба роҳ монда шуд.
Бо сабаби карантин мутахассисони компанияи «Ахеns» барои иваз намудани катализатор иштирок карда натавонистанд ва дар алоқаи онлайн бо компанияи «Ахens» мутахассисони ҷамъияти мазкур бо қувваи реактор каталитики нав гузоштанд.
Дар натиҷа, дар торихи Ӯзбекистон 30 юми март соли 2020 бори аввал коркарди сӯзишвории «эвро-4″ ва эвро-5» ва дизелӣ ба роҳ монда шуд.
Тибқи хабари хизматии Матбуотӣ Ҷамъияти Аксионерии «Ӯзбнефтгаз» сӯзишвории мазкур ҷараёни коркарди двигателро хуб мегардонад, камхарҷ, миқдори зарарнокии газҳои сӯхташуда кам буда дар силиндр мӯътадил месӯзад.
Манбаъ.kunuz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ