«Роспотребнадзор» санҷиши дақиқро барои ошкор сохтани сирояти коронавирус омода намуд


Пажӯҳишгоҳи марказии илмӣ-тадқиқотии эпидемиологии «Роспотребнадзор» санҷиши дақиқро барои ошкор сохтани сирояти коронавирус омода намуд, хабар медиҳад ТАСС.
«Маҷмӯаи ташхисӣ санҷишҳои клиникиро муваффақона паси сар намуд ва 25-уми марти соли 2020 барои истифода дар Федератсияи Россия сабти ном гардид. (Шаҳодатномаи бақайдгирии ин дастгоҳ №РЗН 2014/1987 мебошад). Озмоиши нав ба тамоми талаботи замонавӣ мувофиқ буда, ба ҳассосият ва мушаххасот ҷавобгӯст, ҳамчунин қодир аст бо як санҷиш на танҳо SARS-CoV-2, балки дигар вирусҳои ба он шабеҳ ва вируси роҳи нафаси MERS-Cov (аломатҳои роҳинафасии Шарқи Наздик)-ро низ ошкор созад»,- омадааст дар хабар.
Бояд зикр намуд, ки дар Россия аз рӯи маълумоти Идораи зудамал оид ба мубориза алайҳи коронавирус 1836 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шуда, 66 нафар саломатии худро барқарор намуданд ва 9 тани дигар фавтиданд.
Ҳукумат барои огоҳ сохтани вазъият дар кишвар манбаи стопкоронавирус.рф-ро ба роҳ монд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ