ХАБАРҲОИ ОХИРИНИ ҶАҲОН ВОБАСТА БА КОРОНАВИРУС

ХАБАРҲОИ ОХИРИНИ ҶАҲОН ВОБАСТА БА КОРОНАВИРУС
  • Post category:Ҷаҳон

🦠 Зиёда аз 800,000 нафар аз вирус зарар диданд, зиёда аз 40,000 нафар фавтиданд, зиёда аз 174,000 нафар табобат ёфтанд — Worldometers

ИМА дар шумораи фавти коронавирус Хитойро дар ақиб гузошт. Дар ин кишвар 176.518 ҳолати сироят ва 3431 фавтидагон ба қайд гирифта шудааст — Донишгоҳи Ҷонс Хопкинс

🦠 Александр Лукашенко дар бораи марги нахустин аз коронавирус дар Беларус хабар дод. Аввалин фавтидагон аз ин беморӣ дар Танзания ва Мянма низ ба қайд гирифта шуд.

Дар Қазоқистон марги дуввум рӯй додааст. Дар кишвар 340 ҳолати сироят ба қайд гирифта шудааст. Фурудгоҳи Нурсултон парвози байналмилалиро мутаваққиф кард — ТАСС

🦠 Дар ҷойҳои ҷамъиятии Бишкек зиёда аз се нафар ҷамъ омадани одамон манъ карда шуд. Дар кишвар шумораи гирифторони вирус ба 107 нафар расид.

Дар Ветнам — Синхуа соати комендантии 15-рӯза ҷорӣ гашт

🦠 Индонезия барои хориҷиён сарҳадашро комилан баст. — The Straits Times

🦠 Пандемия дар Ню Йорк то моҳи май поин нахоҳад ёфт — мэр Билл де Блазио

Барои дастгирии журналистон дар фейсбук барои лоиҳаи Journalistics журналистика 100 миллион доллар ҷудо карда шуд — Facebook

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ