1 АПРЕЛ САНАҲОИ ТАЪРИХСОЗ


527 – Оғози салтанати император Юстиниани I дар Византия.
1778 – Тоҷир аз Ню-Орлеан Оливер Поллок рамзи долларро таҳия менамояд — $.
1793 – Дар натиҷаи заминларза дар Ҷопон ҷазираи Унсен бо 53 ҳазор сокинонаш зери об мемонад.
1803 – Ҳукумати Фаронса ба кӯдакон гузоштани номҳоеро, ки дар тақвим набуданд, манъ мекунад.
1853 – Синсиннати нахустин шаҳре дар ИМА мегардад, ки дар он сӯхторхомӯшкунонро расман маоши доимӣ медиҳанд.
1875 – «Таймс» дар ҷаҳон аввалин рӯзномае мегардад, ки маълумот дар бораи боду ҳаворо барои як ҳафта нашр мекунад.
1889 – Дар Чикаго нахустин мошинаи ҷомашӯӣ аз тарафи Ҷозефина Кокрейн сохта, ба фурӯш бароварда мешавад.
1890 – Муҳоҷири белгиягӣ Шарл Ван Депол дар ИМА барои аввалин троллейбус патент мегирад.
1906 – Нахустин конвенсия оид ба ҳифзи парандагон ба имзо мерасад.
1923 – Нахустшумораи маҷаллаи «Огонёк» аз чоп мебарояд.
1937 – Бирма аз Ҳиндустон ҷудо мешавад.
1967 – Нахустнамоиши филми «Бандии Кавказ ё саргузашти нави Шурик» роҳандозӣ мегардад.
1998 – Дар ауксиони Лондон скрипкаи Страдивари ба маблағи 1 миллиону 526 ҳазор доллари ИМА ба савдо рафт, ки то ҳол рекорди ҷаҳонии фурӯши асбоби мусиқӣ маҳсуб меёбад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ