ОДАМОНИ ҶИДДИЕ, КИ ДАР РӮЗИ ХАНДА БА ДУНЁ ОМАДААНД

ОДАМОНИ ҶИДДИЕ, КИ ДАР РӮЗИ ХАНДА БА ДУНЁ ОМАДААНД
  • Post category:Ҷаҳон


1 апрелро дар баъзе кишварҳо чун Рӯзи ханда ҷашн мегиранд, вале аҷибаш дар он ки дар ин рӯз бисёр одамони ҷиддӣ нобиғаҳои олам чашм ба дунёи ҳастӣ кушудаанд. Инак, 7 нафар аз ҷумлаи истеъдодҳои барҷаста:
Отто фон Бисмарк, сиёсатмадори маъруф, нахустканслери рейхи дуюм, муттаҳидкунандаи Олмон, мавлудаш соли 1815
Франсуа Вийон, фарангӣ, шоир, мавлудаш соли 1431
Николай Василевич Гогол, классики адабиёти рус, муаллифи «Вий», «Муфаттиш», «Ҷонҳои мурда»…,мавлудаш соли 1809
Александр Сергеевич Яковлев, конструктори тайёраҳои шӯравӣ, бунёдгузори «Як» — и овозадор, мавлудаш соли 1906
Абраҳам Ҳаролд Маслоу, рӯҳшиноси машҳури амрикоӣ, асосгузори психологияи гуманитарӣ, муаллифи «Пирамидаи Маслоу» (пирамидаи талаботи инсон), мавлудаш соли 1908
Милан Кундера, нависандаи чех, бо асарҳояш «Тоқатфарсоии сабукии ҳастӣ» ва «Фанонопазирӣ» машҳур шудааст, мавлудаш соли 1929
Владимир Владимирович Познер, шореҳи шинохта ва соҳибэҳтироми радио ва телевизиони Русия, дар Париж соли 1934 таваллуд шуда, дар ҷавонӣ дар ИМА зистааст, бо разведкаи шӯравӣ ҳамкорӣ дошт.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ