Манораи Эйфел кӯчонида мешавад

Манораи Эйфел кӯчонида мешавад
  • Post category:Ҷаҳон

Тавре бисёриҳо медонанд, 1 апрел дар аксар мамолики дунё дурӯғбозиҳои ҳазломез (розыгрыш) кайҳо боз ба ҳукми анъана даромадаанд. Ба хотири фароғат намунае чанд аз чунин шӯхиҳоро пешкаши хонандагон мегардонем.

Гузариш ба вақти даҳсоата
Соли 1975 як шабакаи телевизионӣ дар бораи гузариши Австралия ба вақти даҳсоата хабар дод. Тибқи маълумоти пахшшуда як дақиқа 100 сония ва як соат 100 дақиқаро ташкил дода, як шабонарӯз на 24, балки 20 соатро дар бар хоҳад гирифт.
Ин хабар дар саросари кишвар дар як лаҳза ҳангома барангехт. Зангҳои телефонии беист бешак далели он буданд, ки аксари тамошобинон ба ин шӯхӣ бовар кардаанд. Барои мисол, як тамошобини ба таҳлука афтода, занг зада пурсид, ки чӣ гуна соати электронияшро ба вақти даҳсоата гузаронад?!

Кӯчондани манораи Эйфел
Хабари кӯчондани манораи Эйфел, ки 1 апрели соли 1986 дар рӯзномаи Le Parisien нашр шуд, сокинони Парижро ба таҳлука андохт.
Дар хабар гуфта мешуд, ки тибқи қарори ҳукумат манора ба Диснейленд, ки бори аввал дар Фаронса бунёд меёфт, кӯчонда шуда, дар ҷойи он барои гузарондани Бозиҳои олимпӣ варзишгоҳ месозанд.
Кормандони рӯзнома ҳеҷ гумон надоштанд, ки аз ҷониби хонандагони сершумори худ ба чунин бархӯрди шадид дучор мешаванд. Муроҷиату зангҳои зиёди телефонӣ онҳоро водор сохт, ки дар шумораи навбатӣ дар бораи ҳазл будани хабари дирӯза маълумоти иловагӣ чоп кунанд.

Никсон ва муҳлати 3-юми президентӣ
National Public Radio дар барномаи «Гуфторҳо дар бораи миллат» 1 апрели соли 1992 ба шунавандагони худ иттилоъ дод, ки Ричард Никсон соли 1974 бо сабаби моҷарои пурсарусадои Уотергейт ба истеъфо рафта, дигарбора номзадии худро ба маснади президентӣ мегузорад.
Дар рафти барнома аз суханронии пешазинтихоботии Никсон иқтибосе ба чунин маънӣ садо дод: » Ман хатое накардаам ва минбаъд низ ба саҳлангорӣ роҳ нахоҳам дод».
Ғайричашмдошти кормандони радио шунавандагон бе он ки қаҳру ғазаби худро пинҳон доранд, тавассути зангҳои пайдарпайи телефонӣ вокуниши тезутунд нишон доданд. Ровии барнома ба ҳамаи ин тоқат накарда, маҷбур шуд, ки дар миёни гуфтор иқрор шавад, ки хабари мазкур як ҳазли якумиапрелист ва овози Никсонро ҳунарпешаи ҳаҷвнигор тақлид кардааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ