Сардухтури «Коммунарка» Денис Протсенко гирифтори коронавирус шуд. Ӯ чанд рӯз бо Путин сӯҳбат карда буд

Сардухтури «Коммунарка» Денис Протсенко гирифтори коронавирус шуд. Ӯ чанд рӯз бо Путин сӯҳбат карда буд
  • Post category:Ҷаҳон


Сардухтури табобатхонаи сироятии «Коммунарка» Денис Протсенко гирифтори коронавирус шуд.
Қайд мешавад, ки дар ҳоли ҳозир вазъияти Денис Протсенко қаноатбахш арзёбӣ мешавад.
Ёдрас мешавем, ки беморхонаи «Коммунарка» танҳо беморони мубталои коронавирусро табобат мекунад. Дар ҳамин ҳол чанд рӯз пеш президенти Русия Владимир Путин ба беморхонаи «Коммунарка» сафар карда аз аҳволи беморон хабар гирифт ва бо сардухтур ва пизишкон суҳбат кард.
Ногуфта намонад, ки дар Русия раванди паҳншавии маризии сироятии коронавирус босуръат ҷараён дорад. Танҳо давоми як шабонарӯз 500 ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин маризӣ сабт гардид.
Ин маризӣ аллакай дар 73 минтақаи Русия доман зада, 2337 нафарро дардманд намудааст.
Ба гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт, феълан дар сартосари ҷаҳон беш аз 785 ҳазор нафар мубталои коронавирус гардида, 165 ҳазор дардманд шифо ёфтаанд. Ҳамчунин 37 ҳазор маризи коронавирус ба ҳалокат расидаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ