ПОКӢ ДАРАҶАИ ИБОДАТ АСТ

ПОКӢ ДАРАҶАИ ИБОДАТ АСТ


Имрӯзҳо дар тавсияи мутахассисон барои пешгирии коронавирусе, ки торафт дар дунё доман паҳн мекунад, озодагии шахсӣ, аз ҷумла, хуб шустани дасту ангуштон, тоза нигоҳ доштани зери нохун рӯйи эътибор гардонда шудааст. Зеро даст омили асосии паҳнкунандаи ин беморӣ маҳсуб меёбад.
Рӯзгори инсон бе иштироки даст тасаввурнопазир аст. Узви кори асосиро анҷомдиҳанда ва ба покшавӣ ниёздошта низ даст мебошад.
Дар ҳадиси шарифе, ки аз Абӯҳурайра (р.а.) ривоят кардаанд, омадааст: «Пайғомбар (а.) гуфтанд: «Ҳар кас, ки аз хоб бедор шавад, бе се бор шустани дасти худ, ба зарфе даст назанад. Зеро ҳеч кадоме намедонед, ки ин вақт дастатон дар куҷо буд ё дар куҷо ҳаракат дошт». (Ривояти Имом Муслим).
Нохуни дасту поро гирифтан низ суннат аст. Расулуллоҳ (с.а.в.) гуфтаанд: «Панҷ чиз аз фитрат аст: хатна кардан, мӯйи баданро тоза кардан, нохунҳоро гирифтан ва кӯтоҳ кардани мӯйлаб».(Ривояти Имом Муслим).
Касе, ки таҳорат мекунад, албатта, даҳону биниашро мешӯяд. Ин амал аз микроб ва бӯйи баде, ки тавассути даҳону бинӣ ворид мешавад, ҳимоя мекунад. Воқеан, ислом дини покист. Дар Қуръони карим омадааст: «Нафароне ҳастанд, ки поккориро дӯст медоранд. Аллоҳ поккоронро дӯст дорад». (Сураи тавба, ояти 108-ум).
Дар ин оят ба покӣ ва поккорон эҳтиром гузошта шудааст. Пас, мусалмон бояд ба покӣ ва поккорӣ рӯйи эътибор гардонад. Ин тоифа ба меҳру муҳаббати Аллоҳ сазовор гарданд.
Пайғомбар (с.а.в.) фармудаанд: «Покӣ ними имон аст». (Ривоёти Имом Муслим, Имом Насоӣ ва Имом Тирмизӣ). Дар ҳадиси шарифи дигар омадаааст: «Аллоҳ хушҳол аст, хушҳолонро дӯст дорад, покиза аст, поконро дӯст дорад, басе сахӣ аст, сахиёнро дӯст дорад». (Ривоёти Имом Тирмизӣ, Имом Баззор ва Имом Абӯяъло).
Ин ҷо «покӣ»-и зоҳирӣ ва ботинӣ дар мадди назар аст. «Покии ботинӣ» қалбро аз иллатҳои гуногун ва кинаву кудурат эмин нигоҳ доштан аст. Аз Нӯъмон ибни Башир ривоятест: «Шунидам, ки Расулуллоҳ мегуфт: «Огоҳ бошед, дар бадан порае гӯшт вуҷуд дорад. Он ислоҳ шавад, дигар аъзои бадан низ ислоҳ гардад. Агар он бигандад (вайрон шавад), дигар аъзои бадан низ бигандад. Огоҳ бошед, он як пора гӯшт қалб аст». (Муттафақун алайҳ).
Покии зоҳирӣ покии шахсӣ бошад. Покӣ дар динамон ифодагари дараҷаи ибодат аст. Намози шахси нопок қабул нашавад. Пайғомбар (а.с.) ба покию покизагӣ ҳамеша эътибор додаанд, гуфтаанд, ки ба инсони таҳоратдор савоби зиёде таъин аст.
Бино ба ривояте, ки аз Ибни Умар (р.а.) мекунанд: «Пайғомбар (с.а.в.) гуфтааст: «Ба касе, ки такрор таҳорат мекунад, даҳ ҳасанот навишта хоҳад шуд». (Ривоёти Имом Абӯдовуд ва Имом Тирмизӣ).
Аз Абӯҳурайра (р.а.) ривоят кунанд: «Ман гуфтаи Халилам (с. а. в.)-ро шунидам, ки мегуфт: «Орои муъмин – оби таҳорат, то ҷое, ки ӯ рафтааст, меравад». (Ривоёти Имом Муслим ва Имом Насоӣ). Орои муъмин ба маънои орои банда дар рӯзи қиёмат аз ҷониби Аллоҳ бошад. Пас, муъмин дар ин дунё таҳораташро ҳар қадар мукаммал анҷом диҳад, дар рӯзи қиёмат орои Аллоҳ низ ба ӯ ба он андоза хоҳад шуд.
Худои таъоло марҳамат кунад: «Ва онҳо бо лаълу тилло оро дода хоҳанд шуд. Ва либосҳои он ҷо (биҳишт) аз абрешим аст».     
Дар маъхазҳои тиббӣ омадааст, ки шустушӯйи ҳамарӯзаи аъзо пеши бемориҳои пӯстро мегирад. Барилова, таҳорат ба низоми гардиши хун таъсири мусбӣ хоҳад расонд, дар ҷисми инсон баробар тақсим шудани хунро таъмин менамояд. Ба ҷуз ин, ба ҳазми таом кӯмак мерасонад, саратони пӯстро пешгирӣ мекунад, пӯстро аз таъсири микробҳои гуногун ҳифз менамояд.
Ривояте аз Ибни Масъуд мекунанд: «Расулуллоҳ (с. а. в.) фармудаанд: «Байни ангуштонатонро хубтар шӯед, зеро он покист. Покӣ ба имон даъват менамояд. Имон дар биҳишт бо соҳибаш дар як ҷост». (Ривояти Имом Табаронӣ).
Пас, инсон агар ба тозагию озодагии шахсӣ эътибор диҳад, қабл аз ҳама савоб мегирад, баъдан сабабгори паҳн нагардидани бемориҳои гуногун дар байни аъзои оила, хешу ақрабо ва наздикон мегардад, ба ноҳинҷориҳо рӯ ба рӯ нахоҳад шуд.

Комилҷон РАҲИМОВ,
муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Нақшбандия».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ