Коронавирус: вазъият дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?

Коронавирус: вазъият дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна аст?

  • Post category:Ҷаҳон


Шумораи гирифторони коронавирус дар се давлати Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Қирғизистон ва мамлакатамон, ки аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) низ мебошанд, зиёд шуда, мутаносибан 348, 107 ва 173 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Дар дигар давлатҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар Россия 2337 ҳолат, Украина – 645, Арманистон – 532, Молдова – 353, Озарбойҷон – 298 ва Беларус – 152 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то имрӯз дар Россия 121 нафар, Беларус — 47, Арманистон — 30, Озарбойҷон — 26, Қазоқистон — 24, Молдова — 18, Украина – 10, Ӯзбекистон – 8 ва Қирғизистон — 3 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштанд.
Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 174 нафарро ташкил медиҳад, ки панҷ нафари онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.
Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 858 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора зиёда аз 42 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 178 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 32 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 188 578 нафарро ташкил медиҳад.
Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 105 792 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 12 428 нафарро ташкил медиҳад.
Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 95 923 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ