АҲАМИЯТИ РОҲГАРДӢ ДАР САЛОМАТӢ

АҲАМИЯТИ РОҲГАРДӢ ДАР САЛОМАТӢ


Роҳгардии мӯътадили доимӣ хатари сактаи қалб ва бемориҳои раг ё шарёниро паст мекунад. Мутахассисони соҳаи тиб исбот карданд: барои дилро солим нигоҳ доштан касро зарур аст, ки дар як ҳафта ҳадди ақал 3 рӯз нимсоатӣ ба машқи бадан машғул шавад.
Мутахассисони соҳаи тиб гуфтаанд, «машқи бадан» на ба маънои соатҳои зиёд дар толорҳои варзиш машғул шудан аст, балки ба қавли онҳо роҳгардии муътадил барои ин кифоя аст.
Аз давидани зиёди хастакунанда роҳгардии оҳиставу пайваста афзалтар аст. Зеро танҳо ҳамин навъи роҳгардӣ барои ҳаракати хун фоидаовар буда, холестероли манфӣ ё зарарнокро дар вуҷуди инсон кам карда, ба ҷойи он холестероли фоидаоварро зиёд мекунад. Ҳамчунин, роҳгардии муътадили пайваста хатари зиёдшавии бемории қандро низ паст мекунад. Ҳормон, ё ҳуҷайраҳои хушҳолӣ, ки дар натиҷаи роҳгардӣ пайдо мешавад, ҳолати рӯҳии инсонро ба низом медарорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ