Туркманистон: муддати таътили баҳории мактаббачагон дароз карда шуд. Чаро?

Туркманистон: муддати таътили баҳории мактаббачагон дароз карда шуд. Чаро?

  • Post category:Ҷаҳон


Таътили баҳорӣ дар макотиби Туркманистон то 6-уми апрел дароз карда шуд. Сабаби дарозкунии таътил гуфта нашудааст, хабар медиҳад РИА Новости.
Дар амал мактабҳои Туркманистон ба таътили баҳорӣ баромадаанд, ки бояд рӯзи 1-уми апрел анҷом ёбад. Вале, рӯзи душанбе дар мактабҳо эълон карданд, ки таътил то 6-умм апрел тамдид карда шудааст ва феълан раҳбарони синф ба волидони хонандагон занг мезананд ва аз таъхири даст огоҳ мекунанд.
Сабаби расмии дарозкунии муддати таътил гуфта намешавад. Вале муаллимон ба волидон мефаҳмонанд, ки ин иқдом барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус роҳандозӣ шудааст.
Бино ба гузориши мақомоти Туркманистон дар ин кишвар то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ