Нӯъмон Маҳмудӣ: «ҚИМАТИ АҚИДАҲОИ ТАСАВВУФӢ-ФАЛСАФИИ ШАЙХ САЪДӢ ҲАНӮЗ ГАРОН АСТ»

Нӯъмон Маҳмудӣ: «ҚИМАТИ АҚИДАҲОИ ТАСАВВУФӢ-ФАЛСАФИИ ШАЙХ САЪДӢ ҲАНӮЗ ГАРОН АСТ»

Ҳафт кишвар намекунанд имрўз
Бе мақолоти Саъдӣ анҷумане.

АФСАҲ-УЛ- МУТАКАЛЛИМИН

Мазмуну маънои эҷодиёти симои бузурги адабиёти форсу тоҷик, мутафаккири бузург Шайх Саъдӣ чун уқёнуси ҷаҳонӣ беканор аст. Ҳаёт ва эҷодиёти ўро олимони Шарқу Ғарб 800 сол боз меомўзанд. Дар ин мақола оиди баъзе ҷиҳатҳои ақидаҳои тасаввуфӣ-фалсафии мутафаккир сухан меравад.
Дар исломшиносӣ Шайх Саъдӣ ҳамчун мутасаввуфи бузург шинохта шудааст. Аҳли уламои ҳамзамонаш ўро «АФСАҲ-УЛ-МУТАКАЛЛИМИН», яъне соҳиби каломи фасеҳ, донишманди илми калом мегуфтанд. Агар дар назм Саъдӣ яке аз СЕ ПАЯМБАРОН бошад, дар исломшиносӣ ў дар қатори мутафаккирони бузург Ҷалолиддини Балхӣ-Румӣ, Алоуддин Аттор ва Шоҳ Қосими Анвор яке аз чор сутуни зинаи сейўми тасаввуф — МАЬРИФАТ тан гирифта шудааст ва асарҳои ў аз беҳтарини эҷодиёти аҳли тасаввуф мебошад. Бино бар фикри шарқшиноси маъруф А.Кримский «Саъдӣ дар даҳ боби асари худ «Бўстон» ақидаҳои тасаввуфӣ-фалсафӣ ва ахлоқии хешро баён кардааст». Аслан, ба унвони «шайх» мушарраф гаштани Саъдӣ дар хизмати калони илмӣ-адабии ўст. Инҷо мебояд як нуктаро таъкид кард. Устод Садриддин Айнӣ навишта буд, ки «Аз «шайх» лақаб ёфтани Саъдӣ хонандагон гумон набаранд, ки ў «пири муридгир» будааст. Не, ин тавр нест. Асли маънии шайх куҳансол — муқобили ҷавон буда, дар қадим ба маънои олим ва донишманд ҳам кор фармуда мешуд»(С.Айнӣ. Ҳаёт ва эҷодиёти Саъдӣ. Дар китоби «Саъдии Шерозӣ. Бўстон. Д., «Ирфон», 1965, саҳ.3).


Дуруст, калимаи «шайх» аз арабӣ маънои куҳансолро дорад, чи тавре ки калимаи «пир» ҳам дар тоҷикӣ куҳансол гуфтан аст. Лекин дар тасаввуф чӣ хеле ки маънои «пир» ПЕШВО, РАҲНАМОИ ТАРИҚАТро ифода мекунад, инчунин маънои «шайх» ҳам ба ҳамин мазмун наздик аст. Дар замони ҳукмронии чӣ гуна мафкураю сиёсат умр гузаронидани устод Айниро мо хуб медонем. Аз ин сабаб ин алломаи кабир чун бузургворони дигар гоҳо аз гуфтани фикри аслии хеш маҳрум буд. Мо инро аз ёд набояд барорем. Дар рисолаи худ «Шайх Саъдӣ ва тасаввуф» ин суханҳоро навишта, ба андеша афтода будам, ки мабодо китобхонон гумон набаранд, ки нисбати алломаи бузург эрод гирифтаам. Бо шубҳаи худ назди шодравон академик Ботирхон Валихўҷаев рафта маслаҳат кардам. Устод гуфтанд, ки баръакс, шумо устод Айниро ҳимоя карда истодаед.
Барои мутасаввуфи бузург гардидани Саъдӣ таълимоти шайхи машҳур, асосгузори тариқати сўҳравардия Шаҳобуддин Сўҳравардӣ аҳамияти калон дошт. ФАЛСАФАИ ИШРОҚИ ин аллома , ки мувофиқи он ҷустуҷўи роҳи Ҳақиқат нур ва эҳсоси қалб буда, манбаи онҳо АЛЛОҲ мебошад, барои Саъдӣ раҳнамо гардида буд.
Инчунин, ба ҷаҳонбинии Саъдӣ таълимоти Имом Ғазолӣ, ки асосҳои назариявии тасаввуфро бо таълимоти расмии ислом омехта намуда, дини исломро боз ҳам пурқувваттар кардааст ва барои ин хизматаш ба унвони ҲУҶҶАТ-УЛ-ИСЛОМ сазовор шудааст, таъсири азим расонида буд.
С.Айнӣ ва саъдишиносони дигари ҷаҳон, аз ҷумла, Э.Браун(Англия), Фурўзонфар(Эрон), Н.Қулматов(Тоҷикистон) қайд кардаанд, ки Саъдӣ зебогии ҳаёти воқеиро бо эҳтироси қалб тараннум кардааст, мундариҷаи асарҳои ўро ҳикмат, панду насиҳатҳои ҳакимона оро дода, адолатпарварӣ, некбинӣ ва инсонпарвариро тарғиб мекунанд. Дар асарҳои худ Саъдӣ покии ботин, беғаразӣ, зилли отифа(нармӣ, меҳрубонӣ), исори нафс, бо дарди халқ зистан, рағбат ба илму маърифат, бо меҳнати ҳалол шуғл варзиданро тараннум кардааст. Дар асари худ «Гулистон» мутафаккир менависад: “МУРОД АЗ НУЗУЛИ «ҚУРЪОН» ТАҲСИЛИ СИРАТИ ХУБ АСТ, НА ТАРТИЛИ СУРАИ МАКТУБ».
Ба пиндори Саъдӣ моҳияти тасаввуф дар хизмати халқ будан, дар амалҳои наҷибона аст.


Ибодат ба ҷуз хизмати халқ нест,
Ба тасбеҳу саҷҷодаву далқ нест.
Ба сидку иродат миён баста дор!
Зи томоту даъвӣ забон баста дор!
Бузургон, ки нақди сафо доштанд,
Чунин хирқа зери қабо доштанд.

Объекти (мавзўъю мақсади) асосии таълимоти тасаввуф инсон ва муносибати ў ба Худо аст. Маълум, ки дар тасаввуф фақат ба як вуҷуд — Худо эътиқод оварда мешавад. Бино ба ин таълимот, Ҳақиқат танҳо дар Худо муҷассам ёфтааст, аз ин рў фақат ба Ў муҳаббат бояд баст. Аз ин сабаб фалсафаи тасаввуфро «ВАҲДАТИ ВУҶУД» (Ягонагии Худо) меноманд. Саъдӣ низ дар ҳамин нуқтаи назар буд, инро аз мисраҳои зерин ҳис кардан мумкин:

Саъдӣ, раҳи каъбаи ризо гир,
Эй марди худо, дари худо гир!
Бадбахт касе, ки cap битобад
З-ин дар, ки даре дигар наёбад.

Ба фикри Шайх, Парвардигор тамоми мавҷудоти оламро офарида, ҳама ҷиҳатҳоро мувофиқат додаю мувозинати табиатро ба тартиб даровардааст. Он кӣ ҳафт иқлим оламро ниҳод,


Ҳар касеро он чӣ лоиқ буд, дод.
Гурбаи мискин агар пар доштӣ,
Тухми гунҷишк аз замин бардоштӣ.
Он ду шохи гов агар хар доштӣ,
Одамиро назди худ нагзоштӣ.
Оҷиз бошад, ки дасти қудурат ёбад,
Бархезаду дасти оҷизон бартобад.

Ба ақидаи Саъдӣ ҳар як мусулмон аввал ризои Ҳақро, баъд ризои худро бояд талабад. Шайх таъкид мекунад, ки ҳар як мўминро лозим аст, ки фарзҳои исломро ба ҷо орад.

Вомаш мадеҳ он кӣ бенамоз аст,
Гарчи даҳанаш зи фоқа боз аст.
К-ў фарзи худо намегузорад,
Аз қарзи ту низ ғам надорад.

Саъдӣ мекўшид, ки таълимоти тасаввуфро бо тамоилҳои инсонпарварии таълимоти фалсафӣ-ахлоқии худ мувофиқ созад, чунки инсон ва некўаҳволии ў меҳвари таълимоташ буд. Дар «Гулистон» чунин ҳикмат оварда мешавад:
«Дарвеше ба муноҷот мегуфт: «Ё раб, бар бадон раҳмат кун, ки бар некон худ раҳмат кардаӣ, ки мар эшонро нек офаридаӣ!
Аввал касе, ки алам бар ҷома кард ва ангуштарӣ дар дасти чап, Ҷамшед буд, гуфтандаш:
Чаро ҳама зинат ба чап додию фазилат рострост?
Гуфт:
“Ростро зинати ростӣ тамом аст!»
Шайх Саъдӣ мисли мутасаввуфони дигар ҷиҳатҳои назариявӣ ва ғоявии ба ҳукмдорони золим нигаронида шудаи тасаввуфро ривоҷ додаст. Ба фикри ў омили равнақёбии мамлакату дин инҳоянд: «Мулк аз хирадмандон ҷамол гирад ва дин аз парҳезгорон камол ёбад. Подшоҳон ба сўҳбати хирадмандон аз он мўҳтоҷтаранд, ки хирадмандон ба қурбати подшоҳон.
Се чиз пойдор намонад: мол бе тиҷорату илм бе баҳс ва мулк бе сиёсат.
Ду кас душмани мулку динанд: подшоҳи беҳилму зоҳиди беилм».
Саъдӣ подшоҳони золимро танқид намуда, онҳоро ба адлу инсоф, ба зулм накардан ба халқ даъват менамуд. Дар «Гулистон» дар ин бора ду ҳикоят оварда мешавад:
“Дарвеше мустаҷобуддаъват дар Бағдод падид омад. Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуфро хабар карданд. Бихондаш ва гуфт: — Дуои хайре бар ман бикун.
Гуфт:
-Худоё, ҷонаш биситон!
Гуфт:

  • Аз баҳри худой, ин чӣ дуост?!
    Гуфт:
    -Дуои хайр аст туро ва ҷумла мусулмононро, то ту аз азоби Ҳақ ва халқ аз балои ту бираҳанд”
    Ва дигаре:
    «Яке аз мулуки беинсоф порсоеро пурсид :
  • Аз ибодатҳо кадом фозилтар аст?
    Гуфт:
    Туро хоби нимрўз, то дар он як нафас халқро наёзорӣ”.

Мутафаккир даъват мекунад, ки дар ҳама гуна шароит инсон бояд кори хайрро кунад, бадгўёнро бо хислати наҷиб ба хиҷолат бояд мононд: «Пеши яке аз машоих гила кардам, ки фалон ба фасоди ман гувоҳӣ додааст. Гуфто: — Ба салоҳаш хиҷил кун”
Саъдӣ инчунин шахсони мунофиқ, риёкор, фосиқро зери танқид мегирад.
«Фақеҳе падарро гуфт :

  • Ҳеҷ аз ин суханони рангину диловези мутакаллимон дар ман асаре намекунад ба ҳукми он, ки намебинам мар эшонро кирдоре мувофиқи гуфтор.

Тарки дунё ба мардум омўзанд,
Хештан симу ғалла андўзанд.

Чи тавре ки дар боло зикр карда шуд, Саъдӣ пири зинаи сеюми тасаввуф — маърифат тан гирифта шудааст. Моҳияти таълимоти маърифии пири комил — илмҳои дунёвию диниро, ғояҳои адолатро соҳиб гаштан ва онҳоро тарғиб намудан, иллатҳои иҷтимоӣ, нодонии одамонро бартараф кардан, онҳоро ба инсонпарварӣ, ба амал овардани корҳои наҷиб, сўи ҳидоят даъват кардан аст. Мутафаккир таъкид мекард, ки боигарии моддии дунё мероси подшоҳон, илму маърифат бошад мероси пайғамбарон аст, аз ин сабаб омўхтани илмро афзал медонист. Дар «Гулистон» чунин ҳикоят оварда шудааст:
“Ду амирзода дар Миср буданд. Яке илм омўхту дигаре мол андўхт. Оқибатуламр он яке алломаи аср гашт ва ин яке азизи Миср шуд. Пас ин тавонгар ба чашми ҳақорат дар фақеҳ назар кардӣ ва гуфтӣ:

  • Ман ба салтанат расидам ва ин ҳамчунон дар масканат бимондааст.
    Гуфт:
    -Эй бародар, шукри неъмати борӣ азза исмаҳу ҳамчунон афзунтар аст бар ман, ки мероси пайғамбарон ёфтам, яъне илм. Ва ту мероси Фиръавну Ҳомон, яъне мулки Миср”.
    Бо вуҷуди ин Саъдӣ масъулияти аҳли илмро дар назди халқу мамлакат таъкид мекард. Ў навишта буд:
    “Масъият аз ҳар кӣ содир шавад, нописандидааст ва аз уламо нохубтар аст, ки илм силоҳи ҷанги шайтон аст ва худованди силоҳро чун ба асирӣ баранд, шармсорӣ беш барад.

  • Оми нодони парешонрўзгор
    Беҳ зи донишманди нопарҳезгор,
    К-он ба нобиноӣ аз роҳ ўфтод,
    В-ин ду чашмаш буду дар чоҳ ўфтод».

  • Шайх Саъдӣ аз он намояндагони тасаввуф буд, ки ғояҳои азиз доштани инсон, расидан ба қадри ҳаёт, оқилона гузаронидани умрро тарғиб мекарданд. У менависад:
  • Зи ҳастӣ тиҳӣ ой Саъдисифат,
    Ки гирд оварӣ хирмани маърифат!

Дар ибораи «Саъдисифат» мутафаккир маънои васеъро ҷо додаст. Вай қаноат ва худдориро талаб карда бошад ҳам, аммо лаззат бурданро аз зебогиҳои ҳаёт инкор накардааст. Даъвати ў фақат аз дараҷаи МЕЪЁР набаромадан аст.


Магўю манеҳ, то тавонӣ қадам –
Зи андоза берун, в-аз андоза кам!

Бино ба фикри Саъдӣ агар нафс аз меъёр ҳар қадар дур шавад, оқибат ҳамон қадар ҳалокатнок хоҳад гардид. Мутафаккир ба тасаввуре, ки он замон ҳукмрон буд, яъне нафси одам аз ду қувват — ҳирс ва ақл иборат аст, такя намуда, маънои «нафс»ро таҳқиқ кардааст. Саъдӣ маънои ин тасаввуротро дар «Бўстон» ба тарзи образнок бомаҳорат кушода додааст.
Вуҷуди ту шaҳpecm пур неку бад,
Ту султону дастури доно — хирад.
Ризову вараъ некномони ҳур,
Ҳавову ҳавас раҳзану кисабур.
Чу султон иноят кунад бо бадон,
Куҷо монад ocouшu бихрадон.
Ҳавову ҳавасро намонад ситез,
Чу бинад сари панҷаи ақл тез.

Дар «Гулистон» оварда шудааст:
«Бузургеро пурсидам дар маънии ин ҳадис, ки «Аьдо адуввука нафсука аллати байна ҷанбайка(душмантарини душманҳоят нафси туст, ки дар синаи туст)».
Гуфт:- Ба ҳукми он ки ҳар он душманеро, ки бо вай эҳсон кунӣ, дўст гардад, магар нафсро, ки чандон ки мудоро беш кунӣ, мухолифат зиёдат кунад».

Дар таълимоти Саъдӣ мафҳуми «қаноат» асоси мушаххаси таърихӣ-иҷтимоӣ дорад. Ў камбағалонро даъват мекунад, ки барои бурдаи нон назди одамони бадавлат, лекин савияашон паст ба таъзим нараванд. Ин даъват воситаи муҳими дар инсон тарбия кардани ору номус, ифтихор мебошад. Саъдӣ таъкид мекунад:

Қаноат кун, эй нафс, бар андаке,
Ки султону дарвеш бинӣ яке!
Чаро пеши хисрав ба ҳоҷатравӣ?
Чу як сў ниҳодӣ тамаъ хисравӣ!
Кунад мардро нафси аммора хор,
Агар ҳушмандӣ, азизаш мадор!

Дар тасаввуф мафҳуми «сабр» ҳам ҷои муҳимро соҳиб аст. Бино бар ин таълимот, сабр — фаҳмидан ва тан гирифтани он нуктаест, ки тамоми ҳолатҳои хубу бади инсон аз Аллоҳ ато шудааст. Асосгузори мазҳаби ҳанбалия Имом Аҳмад гуфтааст: «Дар Қуръони карим калимаи САБР 99 маротиба зикр шудааст. Дарҳақиқат, сабр — нисфи имон аст. Имон аз ду қисм иборат: сабр ва шукр. Дар ин бора дар (Қуръон 16 маротиба гуфта шудааст».
Шайх Саъдӣ ин нуктаро низ бисёр чуқур таҳлил карда, фикрҳои пурмазмун баён кардааст. Бино ба фикри ў, шартҳои сабр он аст, ки инсон барои ҳолҳои хуб шукр бояд кард, аз ҳолҳои бад бошад набояд шикоят кард.


Чу мардонарав бошиву тезпой,
Ба шукрона бо кундпоён бипой!
Чи донанд ҷайҳуниён қадри об,
Зи вомондагон пурс дар офтоб!

Ба фикри мутафаккир, бидуни бисёр будани азоби дунё, мўминон бояд тоб оваранду ба маъсият роҳ надиҳанд, ба Офаранда шукр намоянд. Дар «Гулистон» оварда шудааст: «Порсоеро дидам бар канори дарё, ки захми паланг дошт ва ба ҳеҷ дору беҳ намешуд. Муддатҳо дар он ранҷур буд. Ҳамчунон шукри Худои ҳақ таоло мегуфт, ки ба мусибате гирифторам, на ба маъсияте».
Шакли сабуки сабр дар нестӣ, мушкулӣ ва кулфат тоб овардан бошад, шакли вазнинаш — дар шоду хуррамӣ, бою бадавлатӣ сабр кардан аст. Саъдӣ мегўяд, ки «Юсуфи Сиддиқ алайҳиссалом, дар хушксоли Миср сер нахўрдӣ, то гуруснагон фаромўш накунад».
Мўминон бояд донанд, ки боигариҳои дунё амонат аст, ба он набояд меҳр монд:


Ту ғофил дар андешаи суду мол,
Ки сармояи умр шуд поймол!
Сикандар, ки бар оламе ҳукм дошт,
Дар он дам, ки бигзашту олам гузошт.

Мувофиқи таълимоти Саъдӣ, дар инсон ҷиҳати аслӣ-илоҳӣ мавҷуд аст ва ў метавонад ҳақиқати хешро биомўзад, биёбад. Барои ин инсон ҳаёташро беҳуда нагузаронида, бояд илм омўзад, саъю ҳаракат кунад, худро такмил диҳад, поктинатӣ ёбад. Инсон ҳамчун бандаи Аллоҳ бояд ба лутфу каромати Ў умед пардозад.
Ман бандаи Ҳазрати каримам,
Парвардаи неъмати қадимам.
Гар беҳунарам в-агар ҳунарманд
Лутф аст умедам аз Худованд.

Нўъмон Маҳмудов

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ