Ҳокими ноҳияи Пайариқ дар карантин қарор дорад


Ҳокими ноҳияи Пайариқи вилояти Самарқанд Д.Мусинов ҳангоми сироятии коронавирус дар кишвари мо бо сафари корӣ дар Ҷумҳурияти Туркия буд.
Ҳоким, ки дар вақти муайян шудани карантин ва чораҳои зарурӣ ба кишварамон баргашт, айни замон дар карантин қарор дорад.
Дар маълумоти расмии хизмати ахбори ҳокимияти ноҳияи Пайариқ қайд гардидааст, ки дар асоси қарори Девони Вазирони Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 23 -юми марти соли 2020 таҳти рақами 176, шаҳрвандони аз хориҷа баргашта дар хона ё дар ҷойҳои махсус ҷудошуда тӯли 14 рӯз қарор мегиранд. Бо ин муносибат, имрӯз ҳокими ноҳия Д.Мусинов дар карантин қарор дорад, дар саломатии ӯ ягон тағйироти манфӣ дида намешавад ва рӯзҳои наздик пас аз ба охир расидани давраи карантинӣ ба кор оғоз хоҳад кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ