Шумораи шахсони гирифтор ба коронавирус дар Россия ба 2777 нафар расид


Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Россия 440 нафар зиёд шуда, дар маҷмӯъ 2777 касро ташкил медиҳад. Шумораи беморони шифоёфта ва фавтида низ дар ин кишвар зиёд шуда, мутаносибан ба 190 ва 24 нафар расид. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Ҳамчунин дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Украина шумораи беморони гирифтор ба COVID-19 ба 669 нафар, дар Арманистон ба 571, Қазоқистон ба 369, Беларус ба 163 ва Қирғизистон ба 111 нафар расид.
Дар Молдова ва Озарбойҷон шумораи гирифторон бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 353 ва 298 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ меафзояд. Масалан, то ин дам дар Россия 190 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 31, Озарбойҷон — 26, Қазоқистон — 24, Молдова — 18, Украина – 10 ва Қирғизистон — 3 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ