Роберт Уэлтон — пиронсолтарин марди рӯи замин

Мувофиқи маълумоти сайти расмии «»Китоби рекордхои Гиннес» Роберт Уэлтони Бритониёӣ марди аз ҳама пиронсоли дунё ба шумор меравад. Вай 29- уми марти соли ҷорӣ 112 сола шуд.


Уэлтон дар бачагӣ аз бемориҳофи сироятӣ азият кашида, дуто ҷанги ҷаҳониро аз сар гузаронидааст. Вай пеш аз Бритониё кӯчида омаданаш дар Канада ва Тайванд низ зиндагонӣ кардааст. Якчанд ҷарроҳиро аз сар гузаронидааст. Аз рӯи маълумотҳо мутахассиси соҳаи муҳандисӣ буда, дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар заводи самолётсозии Империяи Бритониё кор кардааст.


Ҳоло ӯ бозичаҳо сохта маблағашро ба корҳои хайрия сарф мекунад.
Пеш аз ин марди пиронсолтарин аз Япония Титесу Ватанабэ буд, ки 23-юми феврали соли ҷорӣ аз дунё гузашт. Ӯ 112 солу 355 рӯз зиндагӣ кардааст. Пас аз марги Титесу мақоми марди пиронсолтарини дунё ба Уэлтони бритониягӣ гузашт.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ