Қирғизистон: вазири тандурустӣ ва ҷонишини сарвазир курсиро холӣ карданд

Қирғизистон: вазири тандурустӣ ва ҷонишини сарвазир курсиро холӣ карданд

  • Post category:Ҷаҳон


Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков 1-уми апрел ду мақомдори баландпояи ин кишваро аз вазифа барканор кард.
Муовини сарвазир Олтиной Омурбекова ва вазири тандурустӣ Космосбек Чолпонбоев аз вазифа рафтанд. Дар сомонаи расмии Президенти Қирғизистон сабаби барканории ин ду мансабдори баландпоя гуфта нашудааст, вале рӯзи 31 март Жээнбеков дар ҷаласаи Шӯрои амният ба шиддат аз вазорати тандурустӣ ва ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус ба далели сари вақт ошкор накардани гирифторон ва дигар иштибоҳҳои роҳдода дар амри мубориза бо ин беморӣ интиқод карда буд. То имрӯз дар Қирғизистон 107 мавриди гирифторӣ ба коронавируси COVID-19 сабт шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ