Аз сафари Ҳаҷ худдорӣ намоед

Аз сафари Ҳаҷ худдорӣ намоед

  • Post category:Ҷаҳон


Вазири ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ аз мусалмонони саросари ҷаҳон хост, ки барои сафар ба ин кишвар ва ширкат дар маросими Ҳаҷ худдорӣ кунанд.
Ин тасмим муваққатӣ буда, то маълум шудани вазъияти паҳншавии коронавирус идома меёбад. Мавсими имсолаи Ҳаҷ, ки дар охири моҳи июл оғоз мешавад, таҳти таъсири паҳншавии коронавирус қарор хоҳад гирифт. Солона дар мавсими Ҳаҷ ҳудуди 2,5 миллион нафар барои адои ин фаризаи исломӣ, ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд. Ба гузориши шабакаи «Ал-Ҷазира», Муҳаммад Солеҳ бин Тоҳир, вазири ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ ба телевизиони Ал-Ахбория гуфтааст, ки кишвараш омодаи қабули зоирон ва хизматгузорӣ ба онҳо аст, аммо ҳифзи саломатии зоирон барои Арабистон ниҳоят муҳим мебошад.
Тибқи ин гузориш, Арабистони Саудӣ феълан шумораи гирифторон ба коронавирусро 1500 нафар эълон м кардааст, ки 10 нафар бар асари ин беморӣ ҷон бохтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ