Дар машварати намояндагони вазоратҳои илми тамоми ҷаҳон чӣ гуна масъала муҳокима гардид?

Дар машварати намояндагони вазоратҳои илми тамоми ҷаҳон чӣ гуна масъала муҳокима гардид?

  • Post category:Ҷаҳон

30-юми март ЮНЕСКО онлайн- машварати намояндагони вазоратҳои илми тамоми ҷаҳонро ташкил намуд. Дар машварат намояндагони 122 мамлакат, аз ҷумла 77 вазир ва котибони давлатӣ, ҳамчунин комиссарони аврупоӣ оид ба масоили инноватсия, тадқиқот, фарҳанг, маориф ва ҷавонон Мария Габриэл, комиссар оид ба кадрҳо, илм ва техникаи иттиҳоди африкоӣ Сара Анян Агбор, собиқ ноиби президенти Никарагуа Моисес Омар Халлеслевенс Асеведо ва сарходими СУТ доктор Сумия Сваминатан ширкат намуданд. Дар ин бора хадамоти матбуоти ЮНЕСКО иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи ин машварат муҳокимаи нақши муҳими ҳамкории байналмилалии илмӣ ва зиёд намудани маблағгузорӣ дар соҳаи илм вобаста ба пандемияи COVID-19 буд.
Масъалаи калидии «илми боз», ки ЮНЕСКО аз моҳи ноябри соли гузашта аз рӯи он тавсия омода мекунад, мавзӯи асосӣ барои муҳокима гардид.
Дабири кулли ЮНЕСКО Одрэ Азуле ( дар акс) аз ҳукуматҳо даъват ба амал овард, ки ҳамкории илмиро таҳким бахшанд ва бо мақсади пешгирӣ ва нарм сохтани пайомадҳои буҳронҳои ҷаҳонӣ илми бозро ба барномаҳои тадқиқотии худ ворид созанд.
«Пандемияи COVID-19 моро водор месозад, ки нақши муҳими илмро ҳам дар тадқиқот ва ҳам дар ҳамкории байналмилалӣ дарк намоем. Буҳрони кунунӣ низ зарурати бештари мубодилаи пурсамари иттилоотиро бо кумаки илми боз талқин месозад. Вақти муттаҳид сохтани тамоми кӯшишҳои мо расид»,- изҳор дошт дабири кулл.
Ба гуфти сармутахассиси СУТ Сваминатан, «ҳамкорӣ барои табодули дониш ва маълумот, ҳамчунин барои пешбурди тадқиқоти COVID-19 воқеан муҳим ва саривақтист. Дар ҳоле, ки монеаҳои тиҷоратӣ ва нақлиётӣ ба ҳаракати молҳои мавриди ниёзи аввал монеъ мешаванд, таъкид кардан муҳим аст, ки илм бояд чорабиниҳои ҷаҳонии эътино кардан ба пандемияро идора намояд»
Анян Агбор аз Иттиҳоди афикоӣ таъкид намуд, ки «ба Африка коргоҳи нисбатан неруманди тадқиқотӣ, ки доираҳои илмӣ, ҳамчунин бахши давлатию хусусиро сафарбар менамояд, зарур аст. Охири соли гузашта Иттиҳоди африқоӣ эътироф кард, ки илми боз метавонад вазъиятро дар мубориза бо нобаробарӣ тағйир диҳад».
Ҳафтаҳои охир иттиҳоди байналмилалии илмӣ кӯшишҳояшро дар ҷавоб ба вазъияти фавқулода равона сохт, аз ҷумла бо роҳи табодул ва паҳнсозии ҳамаҷонибаи натиҷаи тадқиқот ва ислоҳоти бемисли усулҳои кори худ: маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ маълумотро дар бораи вирус дастраси ҳамагон карданд, беш аз 1000 мақолаҳои тадқиқотӣ дар фазои дастрасии озод дар ҷавоб ба даъвати СУТ нашр шуданд, Иттиҳодияҳои байналмилалӣ -тадқиқотӣ дар зарфи чанд рӯз ташкил ёфтанд.
«Наҷоти мо аз илм вобастагӣ дорад», — хулоса кард вазири илм, технологияҳо, инноватсияҳо ва коммуникатсияҳои Бразилия Маркос Понтес.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ