Қарзро дар бораи захираҳои энергетикӣ ва партовҳои маишӣ дар давраи карантин чӣ гуна аниқ кардан мумкин аст?

Қарзро дар бораи захираҳои энергетикӣ ва партовҳои маишӣ дар давраи карантин чӣ гуна аниқ кардан мумкин аст?


Дар давраи карантин дар Ӯзбекистон боти Telegram ба кор дароварда шуд, ки имкон медиҳад қарзи захираҳои энергетикӣ ва партовҳои маиширо дида барояд ва нишондиҳандаҳои ҳисобкунакро ба дафтари Бюрои иҷрои маҷбурӣ фиристад.
Тавассути боти @mibuzbot дар Telegram, шаҳрвандон метавонанд акси нишондиҳандаҳои ҳисобкунакро гирифта, ба ин бот фиристонанд ва қарзи худро аз рӯйи захираҳои энергетикии истифодашуда ва хизмати партовҳои маишӣ бубинанд.
Нозирони давлатии Бюро аксҳои фиристодаи муштариёнро қабул карда, нишондиҳандаҳоро тасдиқ мекунанд ва ба базаи махсус ворид кардани онҳоро таъмин мекунанд.
Агар шаҳрвандон аз захираҳои энергетикӣ ва аз рӯйи хизмати партовҳои маишӣ ё ҳуҷҷатҳои иҷро қарздор бошанд, онро бо истифодаи Payme, Paynet, Click, UPay ва ғайра ба воситаи сохторҳои пардохти мобилӣ супориданашон мумкин аст.
Садорати вилоятии Бюрои иҷрои Маҷбурӣ.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ