Италия: паҳншавии COVID-19 кам мешавад

Италия: паҳншавии COVID-19 кам мешавад

  • Post category:Ҷаҳон


Рӯзи душанбе дар Италия фавти 812 нафар аз бемории коронавирус ба қайд гирифта шудааст, вале маълумоти хадамоти мудофиаи шаҳрвандӣ нишон медиҳад, ки паҳншавии COVID-19 дар ин кишвар ниҳоят коҳиш меёбад, хабар медиҳад ANSA.
Сардори хадамоти мудофиаи шаҳрвандӣ ва комиссари ҳолатҳои фавқулода оид ба  коронавирус Анджело Боррелли гуфт, ки «ба ҳолати имрӯза 1 590 бемори гирифтори коронавирус шифо ёфтанд, ки ин дар тамоми давраи ҳолати фавқулода дар Италия,  шурӯъ аз оғози коронавирус то ин дам   нишондиҳандаи (ҳаррӯзаи) баландтарин мебошад».
Ӯ ҳамчунин илова намуд, ки теъдоди умумии шифоёфтагон ба 14 620 расидааст.
То имрӯз дар Италия аз ин беморӣ 11 590 нафар ҳалок гаштаанд.
ANSA  ҳамчунин тасдиқ кард, ки Италия рӯзи душанбе  нишондиҳандаи иборат аз 100 000 нафарро аз рӯи теъдоди умумии одамони гирифтор ба коронавирус дар ҳама гӯшаву канори мамлакат паси сар кард. Бо назардошти теъдоди фавтидагон ва онҳое, ки шифо ёфтаанд, ин рақам имрӯз 101 739   нафарро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки аз рӯзи ошкор шудани аввалин нафари сироятшуда ба коронавирус дар минтақаи Ломбардияи Италия 40 рӯз сипарӣ шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ