2-юми апрел — Рӯзи умумиҷаҳонии китоби бачагона

2-юми апрел — Рӯзи умумиҷаҳонии китоби бачагона


Он ёр, ки хомӯшу сухангӯст, китоб аст…
Китоб ба истилоҳ аз мураккабтарин офаридаҳо буда, давраи ниҳоят тўлонии таърихиро аз сар гузаронидааст. Тавассути китоб наслҳои оянда ба ҳақиқати объективии ҳаёти ҷамъиятии ниёгон, фаҳмиши илмию бадеии онон шинос мешаванд. Дар инкишофи дунёи маънавии инсон китоб ба муқаддастарин воситаи зиндагӣ табдил ёфтааст. Зиёдшавии китоб ва рўз то рўз баландгардии мавқеи он дар рушду такомули ҷамъият ва фаъолияти хонанда тағйирот ва дигаргунӣ ба вуҷуд овард.
Бо назардошти аҳамияти бузурги китоб дар тарбияи насли наврас ва кӯдакон шуруъ аз соли 1967 бо ташаббус ва қарори Дафтари байналмилалии китоб барои насли ҷавон (International Board on Books for Young People, IBBY), ба ифтихори зодрӯзи Ҳанс Кристиан Андерсен, нависандаи бузурги достонҳои кӯдакона 2-юми апрел чун Рӯзи ҷаҳонии китоби кӯдакон таҷлил карда мешавад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамасола дар ин рӯз тавассути Дафтари байналмиллали китоб барои насли ҷавон (IBBY) маросими бошукуҳе ба муносибати бузургдошти мақоми китоби кӯдакона ва адабиёти кӯдакону наврасон дар кишварҳое, ки узвияти ин созмон ба шумор мераванд, таҷлил карда мешавад. Бояд гуфт, ки пайдоиши адабиёти бачагона таърихи чандон куҳан надорад. То миёнаҳои асри 17 асосан ба кӯдакон ба таври шифоҳӣ қиссаву достонҳо нақл мекарданд ва ин тарзи гуфторро фарзандон ба насли баъдӣ идома медоданд.
Дар асри 18 аллакай кӯдакон маҳсули эҷодиёти нависандагони бузурге ба монанди Даниел Дефо- «Робинзон Крузо» ва «Сайёҳати Гулливер»-и Ҷонатон Свифтро мехонданд. Танҳо дар асри 19 кӯдакон тавонистанд он асару офаридаҳоеро мутолиа намоянд, ки махсус барои онҳо навишта шуда буданд,— қиссаҳои бародарон Гримм ва Г.Х. Андерсон, ки тавонист саҳми хешро дар офаридани асарҳои кӯдакона гузорад.
Адибони мо низ дар радифи эҷодкорони халқу миллатҳои дигар тавассути офаридаҳои барҷаста, роману достонҳои таърихию илмӣ суннату арзишҳои миллии худро васф кардаанд. Мероси ғании суханварони мумтоз- Фирдавсӣ, Ҳоқонӣ, Низомӣ, Мавлавӣ, Саъдӣ, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Назри Яздону Лоиқ, Бозор Собиру Фарзона ва даҳҳои дигар далели гуфтаҳои болоянд. Аҳли илму маърифат тавассути офаридаҳои оламшумул насли наврасро ҷониби некию накӯкорӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ, бунёдкорию созандагӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ ҳидоят менамоянд.
Бояд гуфт, ки китобҳои бачагонае, ки аз ҷониби шоиру нависандагон барои кўдакон таҳия ва нашр мешаванд, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва баланд гардидани завқи бадеӣ ва зебоипарастии наврасон нақши калон мебозанд.
Пас, хурдсолони гиромӣ, бихонед. Бигузор дар ҳаётатон рӯзе набошад, ки шумо саҳифаи китоби наверо нахонда монед:
Он ёр, ки хомушу сухангӯст, китоб аст,
Он кас, ки накӯхоҳу накӯхӯст, китоб аст.
Он дӯст, ки бе ранҷу таманнову таваққуъ
Бошад ба ҷаҳон аз дилу ҷон дӯст, китоб аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ