Ӯзбекистон ба Қирғизистон ёрии башардӯстона фиристод

Ӯзбекистон ба Қирғизистон ёрии башардӯстона фиристод
  • Post category:Ҷаҳон


Тибқи хабари ӮзА бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон, барои пешгири намудани бемории коронавирус, ба кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба сифати инсонпарварӣ ёрии башардӯстона фиристода шуд.
Ба воситаи истгоҳи роҳи оҳани ноҳияи Қӯрғонтеппаи вилояти Андиҷон маҳсулотҳои хӯрокворӣ, ҳазор тонна орд ва воситаҳои ҳимояти тиббӣ комбизон, респиратор, дастпӯшак, айнак, пирометр ва тест-система бо қатора фиристода шуд.
Ёрии башардӯстона, ки ба воситаи қатораи махсус ҷойгир карда шудааст ба сӯйи шаҳри Ӯши Қирғизистон роҳ гирифт.
Манбаъ: zarnews

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ