COVID-19: шумораи гирифторони беморӣ ба миллион нафар наздик мешавад

COVID-19: шумораи гирифторони беморӣ ба миллион нафар наздик мешавад

  • Post category:Саломатӣ


Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 935 ҳазор нафар расида, теъдоди шифоёфтагон аз 194 ҳазор кас ва фавтидагон аз 47 ҳазор тан гузашт. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.
Ба ҳолати субҳи 2-юми апрел дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мутақил (ИДМ), аз ҷумла дар Россия 2777 ҳолат, Украина – 794, Арманистон – 571, Молдова – 423, Қазоқистон – 402, Озарбойҷон – 359, Беларус – 163 ва Қирғизистон — 111 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ рӯз аз рӯз меафзояд. Масалан, то ин дам дар Россия 190 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 31, Озарбойҷон — 26, Қазоқистон — 26, Молдова — 23, Украина – 13, Ӯзбекистон – 12 ва Қирғизистон — 3 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 24 ҳолат, Украина – 20, Озарбойҷон – 5, Молдова – 5, Арманистон – 4, Қазоқистон — 3 ва Беларус — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Иёлоти Муттаҳида 215 175 нафарро ташкил медиҳад.
Италия дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 110 574 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 13 155 нафарро ташкил медиҳад.
Испания аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 104 118 нафар мубталои коронавирус шудаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ