Коронавирус: дар Қазоқистон шумораи вафоткардангон ба 3 нафар расид

Коронавирус: дар Қазоқистон шумораи вафоткардангон ба 3 нафар расид

  • Post category:Саломатӣ


Саввумин маризи каронавирус дар Қазоқистон фавтид, хабар медиҳад котиботи Вазорати тандурустии ин кишвар.
Ба иттилои манбаъ, шумораи умумии дардмандон дар Қазоқистон ба 363 нафар баробар аст, ва қаблан ду бемори коронавирус фавтида буданд. Бо хуруҷ ёфтани маризии коронавирус дар Қазоқистон, раисҷумҳури ин кишвар Қосим Жомарт — Тоқаев вазъи фавқулодаро элон кард. Бо қарори кишвардори Қазоқистон вазъи фавқулода аз 16 — уми март ҷорӣ шуд. Ҳамчунин аз 19 — уми март Нур — Султон ва Алма — Ато ба қарантин фаро гирифта шуданд.
«Дар вилояти Қарағанда маризи 62 — сола фавтид. Марҳум рӯзи 30 — юми март дар ҳолати вазмин ба беморхона интиқол ёфт ва табибон натавонистанд ҷони ӯро наҷот диҳанд», — гуфта мешавад дар хабари вазорат.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ