Дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҳам сирояти коронавирус аниқ гардид

Дар вилояти Бадахшони Афғонистон ҳам сирояти коронавирус аниқ гардид

  • Post category:Ҷаҳон


Мақомоти вилояти Бадахшони Афғонистон эълом кардааст, ки бо сабти аввалин мавриди мусбати коронавирус дар ин вилоят, раванди карантини шаҳри Файзобод маркази Бадахшон оғоз шуд.
Некмуҳаммад Назарӣ — сухангӯи волии Бадахшон рӯзи чоршанбе хабар додааст, ки карантина дар шаҳри Файзобод то се ҳафтаи оянда идома меёбад, иттилоъ додааст хабаргузории «Parstoday»
Вай афзуд, ғайр аз фурушгоҳҳои маводди ғизоӣ тамомии фурушгоҳҳо масдуд шуданд.
Сухангӯи волии Бадахшон ҳамчунин таъкид доштааст, ки агар касе аз қоидаҳои карантин сарпечӣ кунад мутобиқи қонун бо ӯ бархурд мешавад.
Бино бар иттилои манбаъ, то кунун вилоятҳои Кобул ва Ҳарот ба сурати куллӣ, Балх ва шумори дигаре аз вилоятҳои Афғонистон ба сурати нисбӣ карантин шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Ваҳидулло Моёр, сухангӯи Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон аз сабти 22 мавриди нави афроди мубтало ба бемории COVID-19 дар шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар хабар дод.
Ба гуфтаи вай, шумори афроди мубтало ба ин вирус ба 196 нафар расид.
Вазорати беҳдошт ва дармони Афғонистон шумори беҳбудёфтагонро панҷ нафар ва теъдоди афроди ҷонбохта бар асари ин бемориро чор нафар эълом кардааст.
ittiloot.com/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ