Дар давоми як шабонарӯз дар Россия беш аз сад ҳолати қаллобӣ ошкор карда шуд.

Дар давоми як шабонарӯз дар Россия беш аз сад ҳолати қаллобӣ ошкор карда шуд.

  • Post category:Ҷаҳон


Ба фиреби қаллобон фирефта нашавед!
Дар вазъияти паҳншавии коронавирус маккорон ва фиребгарон сокинони содда ва ба воҳима афтодаро ба доми худ мекашанд ва фоидаи хубе ба даст меоранд.
Имрӯзҳо дар Русия дар шабакаҳои бонуфузи интернетӣ эълонҳои фурӯши тестҳои қалбакӣ, ки гуиё аз Чин оварда шудаанд, зиёд шудааст.
«Танҳо дар давоми як шабонарӯз коршиносони мо беш аз сад ҳолати қаллобиро ошкор карданд. Қаллобии рӯи рост: қариб ҳамаи сайтҳо рӯзҳои наздик дар интернет сабт шудаанд, тестҳо — «тест барои ошкор карани вируси машҳури чинӣ» — ном гирифтаанд ва ғайраҳо. Қаллобон ба талабот ҷавобгӯй шудаанд. Вақтҳои охир корбарон дар Яндекс беш аз 700 маротиба, тестҳо барои ошкоркунии коронавирус ва макони гузаронидани ташхис барои муайян кардани ин вирусро пурсидаанд», — гуфт, дар суҳбат бо расонаҳо раиси созмони «Сильная Россия» Антон Светков.
Дар аксари мавридҳо қалллобон ҳини гирифтани пешпардохт аз интернет гум мешаванд. Хабарнигори Sputnik дар торномаи Avito, эълоне пайдо кард, ки бар ивази 25 эспресстест 25 ҳазор рубл талаб мешавад.
«Тестҳо ҳоло дар роҳанд: ду рӯз пеш, аз Ҳонконг равон карда шуданд. Фардо ё пасфардо ҳавопаймо дар Манжур мешавад ва пасон ба Маскав мепарад. Ҳамин тавр пас аз ҳафт рӯз тестҳо дар сарҳади Маскав мешавад», — гуфт фурӯшанда.
Баъд фурӯшанда илова кард, ки тестҳо дар боркаш ҳамроҳи ёрии башардӯстона ҳастанд ва эҳтимол аст, ки борро дар Маскав накушоянд. Дар чунин ҳол тестҳо ба шаҳри Новосибирск ва аз он ҷо ба Маскав фиристода мешаванд. Ба гуфти фурӯшанда ин нуқтаи баъдии роҳ аст.
Барои харидани ин тестҳои қалбакӣ аз харидор маълумоти шахсӣ — шиноснома, суроға ва пепардохти 10 дарсад аз нархи тестҳоро талаб мекунанд.
«Метавонам шиносномаи худро низ ба шумо равон кунам — мегӯяд фурӯшанда то мизоҷашро бовар кунонад, ки тестҳо қалбакӣ нестанд. Ман дар WhatsApp ба шумо рақами корти бонкии занамро равон мекунам. Ҳини гирифтани 2500 рубл мо номи шуморо ба база ворид мекунем ва ҳангоми расидани бор бо шумо дар тамос мешавем», — бовар кунонд фурӯшанда.
Виталий Вехов коршинос ва ҳуқуқшинос тавсия медиҳад, ки ягон навъи борро ғоибона пардохт накунед.
«Ҳоло корхонаҳои қалбакӣ бисёр шудаанд, ки бар ивази пешпардохт ба мардум ниқобҳо пешниҳод мекунанд. Мардум пул равон мекунанд, вале бор ба манзилашон намеояд. Як навъи қаллобии дигар — ҷамъоварии маблағ барои мардуме, ки ба коронавирус гирифтор шудаанд, мебошад. Ба ин навъи қаллобӣ низ мардуми содда дучор мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо ҳуқуқшинос тавсия медиҳад, ки ягон навъи харидории ғоибона анҷом надиҳанд ва маълумот дар бораи ҳар як корхонаю ширкатро санҷанд», — гуфт Вехов.
http://ittiloot.com/tj

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ