Шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи ниқобҳои тиббӣ ба 190 адад расид

Шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи ниқобҳои тиббӣ ба 190 адад расид


Дар идораи Агентии коммуникастсияҳои оммавии ахбор бо иштироки директори Агентии рушди саноати фармасевтӣ Сардор Қариев брифинг доир мегардад.
Дар чорабинӣ зикр гашт, ки 1-уми марти соли ҷорӣ ҳамагӣ 15 корхонаҳои истеҳсолкунандаи ниқобҳои тиббӣ фаъолият дошт. Онҳо дар як шабонарӯз 450-500 ҳазор адад ниқоб истеҳсол мекарданд. То 1-уми апрел шумораи корхонаҳои истеҳсоли ниқобҳои тиббӣ ба 190 адад расидааст, ки онҳо дар як рӯз 4,3 млн. дона машсулот мебароранд.
Бояд гуфт, ки бо фармоиши Вазорати ҳифзи тандурустӣ, ниқобҳои тиббӣ аз рӯйхати ашёи тиббӣ бароварда шуданд. Аз ин рӯ, ҳоло барои истеҳсол ва фурӯши онҳо ягон иҷозатномаи махсус талаб карда намешавад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ