Дар давраи карантин бештар чӣ гуна маҳсулотҳо импорт мешаванд?

Дар давраи карантин бештар чӣ гуна маҳсулотҳо импорт мешаванд?


Маҳдудиятҳо нисбати карантин ба воридоти молҳо ва маҳсулоти хӯрокворӣ, ки ба Ҷумҳурияти Ӯзбекистон ворид карда мешаванд, таъсир намерасонанд.
Дар ин бора, сардори Садорати кумитаи боҷхонаи давлатӣ Фарҳод Олимҷонов маълум кард.
“Ин маҳдудиятҳо ба боркашонии тиҷорати хориҷӣ дахл надоранд ”- гуфт сардори садорат.
Мувофиқи маълумоти ӯ, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ ба кишвар тавассути роҳи мошин 698,2 ҳазор тонна ва тавассути роҳи оҳан 4 миллиону 875,0 ҳазор тонна мол ворид карда шудааст.
“Маҳсулоти хӯрокворӣ шабу рӯз ба кишвар ворид мешаванд. Сабаби ташвиши шаҳрвандони мо нест », — гуфт Фарҳод Олимҷонов.
Қисми асосии маҳсулоти хӯроквории воридотиро картошка (23,03 ҳазор тонна), орд (12,54 ҳазор тонна), равғани растанӣ (11,5 ҳазор тонна), шакар (26,6 ҳазор тонна), гӯшт (1, 8 ҳазор тонна), маҳсулоти қаннодӣ (1,7 ҳазор тонна) ва биринҷ (1,3 ҳазор тонна) ташкил мекунад.
Таъкид гардид, ки ҳаҷми тиҷорати хориҷии молҳо аз 16 то 31-уми марти соли равон 943,3 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ