Шумораи мубталои коронавирус ба 1 000 000 нафар расид Туркия дар даҳгонаи хавфнок қарор дорад

Дар саросари ҷаҳон адади гирифторони коронавируси COVID-19 ба 1 миллион нафар расид. Вирус дар 181 давлати ҷаҳон паҳн шудааст. Ҳоло 51,577 нафар аз коронавирус фавтиданд ва 210.519 нафар шифо ёфтанд.


Дар айни замон ИМА аз рӯйи паҳншавии пандемия дар ҷои аввал қарор дорад. Дар ин кишвар 237,877 нафар бо вирус сироят ёфтаанд.


Ба давлатҳои даҳгонае, ки адади сироятёфтагони коронавирус зиёданд, давлатҳои зерин шомиланд:
Италия — 115,142 бемор;

Испания — 110,238 бемор;


Олмон — 84,600 бемор;


Хитой — 81,589 бемор;


Фаронса — 59,105 бемор;


Эрон — 50,468 бемор;


Англия — 33,718 бемор;


Швейтсария — 18,827 бемор;


Туркия — 18,135 бемор.


Кореяи Ҷанубӣ, ки дар зинаи охирини даҳгона қарор дошт, ба 15-ум зина поён рафт. 9,976 нафар дар кишвар ба коронавирус сироят кардаанд.


Дар Ӯзбекистон шумораи беморони коронавирус ба 205 нафар расид. Дар кишвар тақрибан 110,000 нафар одамон дар карантин мебошанд. Ду нафар бемор вафот карданд. Бисту панҷ нафарашон шифо ёфтанд ва ба хонаводаҳои худ баргаштанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ