Дар Самарқанд ба 43 нафар иштирокчиёни ҷанг мукофоти пулӣ тақдим мегардад

Дар Самарқанд ба 43 нафар иштирокчиёни ҷанг мукофоти пулӣ тақдим мегардад


Мувофиқи фармони сарвари давлатамон аз 30-юми марти соли ҷорӣ, имсол ба иштирокчиён ва ногироёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба миқдори 10 миллион сӯм мукофот дода мешавад. Дар айни замон на танҳо дар эҳтироми аъзоёни оила, балки дар маркази эътибори халқамон 43 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Самарқанд ҳастанд, ки дар арафаи 75-солагии ғалаба чунин мукофот тақдим карда мешавад.

  • Дар вилоят 23 нафар ногиро, 19 нафар иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон ва 1 нафар ҳамватанамон, ки дар конслагер будаанд, зиндагӣ мекунанд. Ҳоло аз аҳволи ҳар яки онҳо хабардор шуда, кӯмаки иҷтимоиву тиббӣ расонида мешавад, — гуфт сардори Садорати вилоятии хазинаи пенсияи берун аз буҷаи назди Вазорати молия А. Раҳимов. – Инчунин, пенсия ва нафақаи онҳо саривақт расонида мешавад.
    Собиқадорони мо, ки барои наҷот додани башарият аз фоҷиаи фашизм саъю кӯшиш кардаанд, дар майдонҳои набард хун рехтаанд ва ба бисёр душвориҳо тоб овардаанд, сазовори ҳурмату эҳтиром мебошанд.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ