Шумораи гирифторони коронавирус дар Қирғизистон ба 116 нафар расид

Шумораи гирифторони коронавирус дар Қирғизистон ба 116 нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон


Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар Қирғизистон 116 касро ташкил медиҳад. Ҳамзамон шумораи беморони шифоёфта низ дар ин кишвар ба 5 нафар расид. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Ҳамчунин дар дигар давлатҳои ИДМ, аз ҷумла дар Украина шумораи беморони гирифтор ба COVID-19 ба 804 нафар, дар Арманистон ба 663 нафар расид.
Дар Беларус, Қазоқистон, Молдова ва Озарбойҷон шумораи гирифторон бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 163, 402, 423 ва 359 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ меафзояд. Масалан, то ин дам дар Россия 235 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 33, Қазоқистон — 27, Озарбойҷон — 26, Молдова — 23, Украина – 13 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 30 ҳолат, Украина – 20, Озарбойҷон – 5, Молдова – 4, Арманистон – 4, Қазоқистон — 3 ва Беларус — 2 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус зиёд шуда, 239 нафарро ташкил медиҳад, ки панҷ нафари онҳо шифо ёфта, чор тани дигар вафот кардаанд.
Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 938 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора зиёда аз 47 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 195 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 35 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (215 344 нафар), Италия (110 574), Испания (104 118), Чин (81 589), Германия (77 981), Франсия (56 989), Эрон (47 593), Британияи Кабир (29 474), Швейтсария (17 781) ва Туркия (15 679) дохил мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ