Дар Хитой ба 14 нафар шифокор мукофоти “Қаҳрамони қурбоншуда” тақдим карда шуд

Дар Хитой ба 14 нафар шифокор мукофоти “Қаҳрамони қурбоншуда” тақдим карда шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Маъмурияти вилояти Хубэйи мамлакати Хитой 14 нафар шифокоре, ки дар мубориза бар зидди эпидемияи коронавирус қаҳрамонона вафот кардаанд, бо ҷоизаи “Қаҳрамони қурбоншуда” мукофотонида шуданд. Дар ин бора, рӯзи панҷшанбе дар телевизиони марказии Хитой хабар дода шуд.
Дар ин рӯйхат, инчунин Ли Венлиан низ ҳаст, ки ӯ яке аз аввалинҳо шуда, оиди огоҳонидани навъи нави беморӣ ҳаракат намудааст.
“Қаҳрамони қурбоншуда” мукофоти олии ифтихорӣ мебошад, ки аз ҷониби мамлакат ва Компартия ба онҳое дода мешавад, ки ҳаёти худро ба хизмати давлатӣ сафарбар кардаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ