Эрон: то имрӯз 16711 нафар аз мубталоёни вируси корона шифо ёфтанд

Эрон: то имрӯз 16711 нафар аз мубталоёни вируси корона шифо ёфтанд

  • Post category:Ҷаҳон


Вазорати тандурустии Эрон эълом кард, то кунун 16 ҳазору 711 нафар аз мубталоёни вируси корона дар ин кишвар шифо ёфта, аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.
Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати тандурустии Эрон рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон теъдоди умумии гирифторони коронавирус дар кишварро 50468 нафар арзёбӣ кард, хабар дод Парстудей.
Ӯ афзуд, бо ҷон бохтани 124 бемори мубтало ба корона дар 24 соати гузашта, теъдоди ҷонибохтагон дар Эрон ба 3160 нафар расид.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ