Баёноти расмӣ

Баёноти расмӣ


Нурмат Отабеков: нозири санитарии давлатии ҷумҳуриятӣ, сардори инспексияи давлатии назорати санитариву эпидемиологии назди Девони Вазирони Чумҳурияти Ӯзбекистон:

  • Дар ҳолати то санаи 3-юми апрели соли ҷорӣ шумораи гирифторони ба қайдгирифташудаи коронавирус дар мамлакати мо 221 нафарро ташкил кард. Ҳоло ҳангоми сӯҳбат бо роҳбарияти Институти илмиву санҷишии вирусология муайян гардид, ки 17 нафар бемор нишонаҳои пневмония доранд, 4 нафар дар ҳолати вазнин ва 2 нафари дигар бошад, боз ҳам вазнинтар аст.
    Ҳамватанони мӯҳтарам!
    Мо ҳанӯз пурра дарк накардаем, ки вазъият вазнинтар шуда истодааст. То ҳанӯз ба тадбирҳои карантин риоя накарда, баҳудаву беҳуда дар кӯчаҳо сайру гашт карда, ба тавсияҳои шифокорон амал намекунем. Агар эътибор дода бошед, имрӯз ҳамаи воситаҳои ахбори оммавӣ танҳо намоишномаҳо, видеоҳо, лавҳаҳоро дар бораи коронавирус нишон медиҳанд. На танҳо мутахассисони соҳаи тиб, балки муттахассисони соҳаҳои дигар низ аз рӯйи пешгирии бемории сирояти коронавирус такрор ба такрор ҳарф мезананд. Ба фикрам, пас аз ин гуна тарғибот аломатҳои клиникии беморӣ ва усулҳои ҳимоя аз он дар хотираҳоямон мӯҳр мебандад. Мутаассифона, аломатҳои ин беморӣ ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд, аммо онҳое ҳастанд, ки ба ин беэътиборӣ зоҳир намуда, бидуни муроҷиати ходимони тиб, як муддат дар хона мешинанад, баъде ки аҳволашон вазнин шуд, ба шифохона муроҷиат мекунанд. Дирӯз ба Институти тадқиқотии эпидемиологиву микробиологӣ ва касалиҳои сироятӣ бемореро бо номи Х. оварданд. Баробари овардани ӯ зарурати ба вай пайваст кардани респиратор (воситаи нафаси сунъидиҳанда) пайдо шуд. Мутахассисон маълум карданд, ки аҳволаш хеле вазнин аст. Ҳамин вақт суоле ба миён меояд: то ҳамин вақт, беморро чӣ маҷбур кардааст, ки ҳангоми пайдо шудани аломатҳои клиникии беморӣ ба ходимони тиб муроҷиат накарда, беэътиборӣ кардааст? Вай аъзоёни оила, атрофиён, наздикон ҳатто ҷамоати васеъро зери хатар гузоштааст. Оё ӯ дарк накардааст, ки ин рафтор хиёнат аст? Ҳоло ҳам дер нашудааст. Биёед, чашмони худро боз кунем ва ба пешниҳодҳои кормандони тиб, корҳои дохилӣ, Гвардияи миллӣ ва воситаҳои ахбори оммавӣ амал намоем.
    Дар мамлакати мо ин беморӣ бори аввал 15-уми март ба қайд гирифта шуда, дар 17 рӯз шумораи гирифторон ба 221 нафар расид. Ҷиддӣ будани вазъияти имрӯза бояд ҳар яки моро ҳушёр кунад. Мо ҳақ надорем, ки таваккал кунем ва саломатии худро зери хатар гузорем.
    Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки беморӣ аз 1 нафар ба 400 нафар гузаштанаш мумкин аст. Тасаввур кунед, ки агар ин 221 нафар бемор сари вақт ҷудо нашуда, байни мардум мемонданд, чӣ мешуд. Эҳтиёт шавед, бошуурона амал кунед!
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ