Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои пешгирии коронавирус 11,3 млн. доллар медиҳад


Шӯрои директорони Бонки умумиҷаҳонӣ рӯзи 2-юми апрел маблағгузории грантиро дар ҳаҷми 11,3 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд барои Лоиҳаи эътинои фаврӣ ба намуди нави коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон тасдиқ кард.
Лоиҳаи мазкур талошу кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар омодагӣ ва эътинои муассир ба хавфи саломатии аҳолӣ ва хатарҳои иҷтимоие, ки бо пандемияи ҷаҳонии намуди нави коронавируси COVID-19 (сирояти Коронавирус) алоқаманд мебошанд, дастгирӣ мекунад. Дар ин бора шабакаи «Азия-Плюс» хабар дод.
Маблағгузорӣ барои ташкили тақрибан 100 кати нави ҷиҳозонидашуда барои шуъбаҳои эҳё ва табобати интенсивӣ (ШЭТИ) дар муассисаҳои тиббии саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон сарф карда мешавад, хабар медиҳад манбаъ. Ғайр аз ин, Лоиҳа ба таҳкими иқтидори низоми тандурустӣ барои муолиҷаи шахсони гирифтори намуди нави коронавируси COVID-19 равона шудааст. Маводҳои таъҷилан зарурӣ барои кумак дар ошкорсозӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз намуди нави коронавируси COVID-19, аз он ҷумла лавозимот барои гузаронидани санҷиш, реагентҳо барои озмоишгоҳҳо ва таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ барои кормандони тиб низ харидорӣ мешавад. Кормандони шуъбаҳои эҳё ва табобати интенсивӣ оид ба нигоҳубини беморони гирифтори намуди нави коронавируси COVID-19 ва пешгирии он, аз ҷумла оид ба масоили дар ояндаи дарозмуддат расонидани кумак ба беморони вазнин, омӯзонида мешаванд.

  • Бо назардошти дучор будани Тоҷикистон ба хавфи баланди пандемияи ҷаҳонии намуди нави коронавируси COVID-19, кишвар бояд ба таври муносиб низоми тандурустӣ ва иҷтимоии худро барои эътинои фаврӣ ва муассир омода намояд, — мегӯяд Ян-Петер Олтерс, намояндаи доимии Бонки умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. — Лоиҳаи мазкур дар талошҳои кишвар ҷиҳати андешидани чораҳои пешгирикунанда, муҳофизати кормандони тиббӣ ва то ҳадди имкон коҳиш додани ҳодисаҳои сироятёбӣ аз намуди нави коронавируси COVID-19 дар баробари расонидани кумак ба қишри аз ҳама осебпазири аҳолӣ, бахусус, кӯдакон мусоидат хоҳад кард.
Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ