Асабатон хароб аст? Пас витамин истеъмол кунед!

Асабатон хароб аст? Пас витамин истеъмол кунед!

  • Post category:Саломатӣ


Чандин сол қабл витаминҳои гурӯҳи В дар дастурхони мардуми мо фаровон буд. Ҳама нони сиёҳи гандумӣ (орди осиёби бобоӣ), шавла (каша), лӯбиёгиҳо ва дар баҳорон хуч мехӯрданду шири аз лиҳози экологӣ тозаи говро нӯши ҷон мекарданд. Аммо имрӯз қариб дар ҳама ҷо аксарият нони сафед, ба ҷойи шавла макарон, ба ҷойи мева қанду нӯшобаҳои ширини газдор истеъмол мекунанд.
Бинобар ин, бисёриҳо ба мушкилоти норасоии витаминҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Гап дар сари он аст, ки қанду орди сафед, маҳсулоти қаннодӣ, макарон витамин надоранд ва организм маҷбур мешавад, ки захираи бе ин ҳам ночизи витаминҳоро барои аз худ намудани карбогидратҳо сарф намояд. Ғайр аз ин, дар одамони тамокукашу майпараст витаминҳои В1 ва В4 зудтар хориҷ мешавад. Барои фаъолияти системаи марказии асаб В1 (тиамин) аҳамияти хос дорад ва он барои рафъи асабоният, дарди мушакҳо ва табларза кумак мерасонад. Тиамин дар таркиби ҷигар, гурда, марҷумак (гречка), сулӣ (овёс) ва нони ҷавин зиёд аст.
Ҳамчунин, зимни зиёд будани кори фикрӣ талабот ба витамини В4 (рибофлавин) меафзояд. Дар сурати норасоии он дарди сар, хоби бероҳат, сустӣ ва табъи хира мушоҳида мешавад. Рибофлавин дар таркиби тухми мурғ, шир, марҷумак, ҷави русӣ, испаноқ, зардолу ва кабудиҳо зиёд дучор меояд. Вайроншавии фаъо-лияти системаи асаб ҳам ба кори фикрӣ ва ҳам ба хотираи инсон таъсир мерасонад. Равандҳои фикрӣ суст шуда, табъи инсон дигаргун мешавад. Бо мақсади рафъи чунин ҳолат дар таркиби ғизо маҳсулоти дорои витамини В6 — ро зиёд бояд кард. Ин витамин дар таркиби тухм, донагиҳо (чормағзу бодом, донаки зардолу), лӯбиёгиҳо, гӯшт, моҳӣ, нони ҷавин ва банан зиёд аст.
Витамини В12 бошад, вайроншавии асабҳоро пешгирӣ менамояд. Он дар таркиби гӯшт, ҷигар, гурда, дил, маҳсулоти баҳрӣ, шир ва зардии тухм зиёд дучор меояд. Барои фаъолияи хуби асабҳо калтсий моддаи минералии асосӣ ба ҳисоб меравад. Ҳангоми норасоии ин модда кас инҷиқу беқарор гашта, оромиро гум мекунад. Манбаи асосию дастраси калтсий шир ва маҳсулоти ширии камравған мебошад. Ҳамчунин, ба гуфтаи олимон кори мағзи сар ва хотираро элементи йод мустаҳкам мекунад. Йод фаъолияти ғадуди сипаршаклро ба танзим дароварда, кори системаи асаб, мубодилаи моддаҳо ва инкишофи ҷисмонию ақлонии кӯдаконро беҳтар мегардонад. Бинобар ин, ҳар рӯз истеъмоли моҳии баҳрӣ, харчанг ва карами баҳрӣ дар ин бобат кумак мерасонад.
Ҳангоми таранг будани торҳои асаб истеъмоли намакро кам кунед. Ҳар қадар метавонед соусу кетчуп, майонез ва сабзавоти намакинро камтар истифода баред. Аз истеъмоли чойи талх, қаҳва, шоколад ва какао худорӣ намоед, алалхусус шабона.
Хӯрдани ғизои серсафеда (гӯшти гов, мурғ, моҳӣ, маҳсулоти ширӣ, сафедии тухм) фоиданок аст. Агар невралгия ва невроз дар заминаи аз ҳад зиёд истеъмол кардани сафеда сар зада бошад, дар он сурат истеъмоли карбогидрат (ширинӣ) – ҳо ва ғизоҳои сернамакро маҳдуд бояд намуд.
Ҳангоми сар задании неврит дар заминаи таъсири симоб, манган ва дигар моддаҳои зарарнок истеъмоли қаймоқ ва тухм муфид аст. Бо мақсади пайваста ғизо гирифтани системаи асаб ҳатман рӯзе се маротиба хӯрок бояд истеъмол кард. Аз миқдори умумии ғизои шабонарӯзӣ 30 фоиз ба наҳорӣ, (соати 6 – 7 – и субҳ), 40 фоиз ба нисфирӯзӣ ва 20 фоиз ба шом рост меояд. Даҳ фоизи боқимондаро метавон дар наҳории дуюм ( соатҳои 9 – 10) ё ғизои пеш аз аср (соатҳои 4- 5) истеъмол кард.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ