Дар Қирғизистон аввалин бемор аз коронавирус вафот кард


Дар Қирғизистон аввалин бемор аз коронавирус рӯзи 2-юми апрел ҷон дод, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19.
Ба иттилои манбаъ, фавтида  сокини 61-солаи вилояти Ош буда, аз хориҷ ба ватан баргашт ва дар назорати доимӣ буд.
Номбурда баъди бозгашт аз ташхис гузашта, маълум шудааст, ки дар ӯ коронавирус аст. Табибон баъди мусбат гаштани тест табобати ӯро оғоз карданд, аммо вазъи бемории дигараш имкони муолиҷаро душвор кардааст.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз дар Қирғизистон 125 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Мақомоти ин кишвар дар Бишкек, Ош, Ҷалолобод ва се ноҳияи дигар аз 25-уми март то 15-уми апрел вазъияти фавқулодаро ҷорӣ карданд.
Аз соати 20:00 то 7:00 баромадан ба кӯчаҳо ба шаҳрвандон қатъиян манъ аст.
Нимаи дуюми рӯз сокинони ин минтақаҳо ҳуқуқ доранд ба мағоза, дорухона ё беморхона раванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ