Коронавирус: вазъият дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чӣ гуна аст?


Шумораи шахсони гирифтор ба навъи нави коронавируси COVID-19 дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ)  ба 7101 нафар расид. Ҳамзамон шумораи беморони шифоёфта ва фавтида низ дар қаламрави Иттиҳод зиёд шуда, мутаносибан ба 510 ва 85 нафар расид. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) хабар медиҳад.
Аз ҷумла, дар Россия шумораи беморони гирифтор ба COVID-19 ба 4149 нафар, дар Украина ба 942, Арманистон ба 763, Қазоқистон ба 453, Озарбойҷон ба 443, Ӯзбекистон ба 221 ва  Қирғизистон ба 130 нафар расид.
Дар ҳамаи ин давлатҳо шумораи беморони шифоёфта низ меафзояд. Масалан, то ин дам дар Россия 281 нафар, Беларус — 53, Арманистон — 43, Озарбойҷон — 32, Қазоқистон — 29, Ӯзбекистон – 25, Молдова — 23, Украина – 19 ва Қирғизистон — 5 нафар шифо ёфта, ба манзили зист баргаштанд.
Дар баробари ин, дар Россия 34 ҳолат, Украина – 23, Арманистон – 7, Молдова – 6, Озарбойҷон – 5, Беларус – 4, Қазоқистон — 3, Ӯзбекистон — 2 ва Қирғизистон – 1 ҳолати фавти беморони гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуд.
Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи мубталоён ба коронавирус бетағйир боқӣ монда, 273 нафарро ташкил медиҳад, ки 10 нафари онҳо шифо ёфта, 6 тани дигар вафот кардаанд.
Мувофиқи маълумоти нави СУТ, ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 1 миллион нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора  зиёда  аз 53 ҳазор нафар вафот карда, зиёда аз 213 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 37 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ИМА (245373 нафар), Италия (115242), Испания (112065), Германия (84794), Чин (81620), Франсия (59105), Эрон (50468), Британияи Кабир (33718), Швейтсария (18827) ва Туркия (18135) дохил мешаванд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ