Вирус бар касе раҳм намекунад…


Як қатор ташкилотҳои умумҷаҳонӣ, аз ҷумла
Оҷонси муҳоҷирати СММ (UN Migration Agency-IOM), Комиссариати олии ҳуқуқи башари СММ (OHCHR), Оҷонси кор бо гурезагони СММ (UNHCR) ва Созмони умумҷаҳонии тандурустӣ (WHO) ба ҳукумати кишварҳо муроҷиат карданб. Дар ин муроҷиатномаи муштарак чунин гуфта мешавад:
-Имрӯз дар рӯбарӯи буҳрони COVID-19 ҳамаи мо осебпазир ҳастем.
Вирус аллакай нишон дод, ки ба касе тараҳҳум намекунад, вале гурезагони зиёде, онҳое, ки маҷбуран бесарпаноҳ мондаанд, афроди бешаҳрвандӣ ва муҳоҷирон ба хатари бештар гирифторанд. Сеяки гурезагони ҷаҳон ва муҳоҷирони зиёде дар минтақаҳои рӯ ба рушде зиндагӣ мекунанд, ки он ҷо соҳаи тандурустӣ дигар тавоноӣ надорад. Бисёриҳо дар паноҳгоҳҳо ва маконҳои серодам зиндагӣ мекунанд ва дар он ҷо ба хидматрасониҳои тиббӣ, оби тоза ва беҳдошт дастрасӣ надоранд.
Вазъияти гурезаҳо ва муҳоҷироне, ки дар боздоштгоҳҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ дар шароити бади беҳдоштӣ нигоҳ дошта мешаванд, махсусан ташвишовар аст. Бо назардошти оқибатҳои марговари паҳншавии COVID-19 онҳо бояд бидуни  таъхир озод шаванд. Кӯдакони муҳоҷир ва оилаҳои онҳо, ҳамчунин онҳое, ки бе асоси воқеии ҳуқуқӣ боздошт шудаанд, бояд бе таъхир озод шаванд.
Дар изҳорот гуфта мешавад, ки ин бемориро танҳо дар ҳолати истифода аз равиши фарогир, ки ҳуқуқи ҳар як фард ба зиндагӣ ва саломатиро ҳимоя мекунад, метавон назорат  кард. Эҳтимоли он ки муҳоҷирон ва фирориён, махсусан вақте бе ҳуҷҷатанд, аз барномаҳо ва нигоҳубин берун мемонанд ва нисбат ба онҳо доғгузорӣ ва табъиз сурат бигирад, бештар аст. Барои пешгирӣ аз фоҷеа ҳукуматҳо бояд ҳамаи талошашонро ба ҳимояи ҳуқуқ ва саломатии ҳама равона созанд. Ҳимояи ҳуқуқ ва саломатии ҳама, дарвоқеъ, ба пешгирӣ аз паҳншавии вирус мусоидат мекунад.
Дар иттилоия ҳамзамон омадааст, ки бисёр муҳим аст ҳама, аз ҷумла муҳоҷирон ва гурезагон ба хидматрасониҳои тиббӣ дастрасии баробар дошта бошанд ва ба барномаҳои вокуниш ба COVID-19, аз ҷумла, ҷиҳати пешгирӣ, санҷиш ва табобат  ворид гардонида шаванд. Фарогирии ҳамагон на танҳо ҳуқуқи муҳоҷирон ва гурезагонро, балки саломатии ҷомеаро ҳимоя мекунад ва аз густариши саросарии COVID-19 ҷилавгирӣ менамояд. Дар ҳоле ки кишварҳои зиёде фирориён ва муҳоҷиронро мизбонӣ ва ҳимоя мекунанд, ин давлатҳо  дар ҳолатҳои зиёде тавоноии посухи муассир ба буҳронҳо,  назири COVID-19 надоранд. Ҷиҳати фароҳамории дастрасии баробари муҳоҷирон ва гурезагон ба хидматрасонии тиббии миллӣ, ин кишварҳо шояд ба ёриҳои иловагии молӣ ниёз доранд. Ниҳодҳои молии ҷаҳонӣ дар ин ҷо барои фароҳамсозии маблағгузорӣ метавонанд нақши пешбар бозанд.
Дар ҳоле ки кишварҳо марзҳои худро мебанданд ва ҳаракатҳои фаромарзиро маҳдуд мекунанд, ҳамеша роҳҳое мавҷуданд, ки имкон медиҳад, то ҳангоми мудирияти маҳдудиятҳои сарҳадӣ ҳуқуқи байналмилалии инсон ва меъёрҳои ҳимояи гурезагон, аз ҷумла худдорӣ аз истирдод, ҷорисозии карантин ва санҷиши саломатӣ риоя гардад.
Дар ҳоле, ки COVID-19 имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар ба инсоният таҳдид мекунад, ҳадафи аввали мо бояд ҳимояи ҷон, сарфи назар аз мақом бошад. Ин буҳрон равиши муассири байналмилалиро, ки ҳеҷ касро аз назар берун нагузорад, талаб мекунад. Дар ин ҳолати ҳассос ҳамаи мо бояд дар гирди як ҳадаф ҷамъ оем ва бар зидди ин вирус мубориза барем. Гурезагон, афроди бесарпаноҳ, одамони бешаҳрвандӣ ва муҳоҷирони зиёде донишҳо ва манбаъҳои зиёде доранд ва онҳо низ метавонанд як ҷузъи роҳи ҳал бошанд.
Мо наметавонем ба ҳарос ва таҳаммулнопазирӣ иҷозат бидиҳем, то ҳуқуқро нодида бигирем ва ё муассирияти вокуниш ба пандемияи саросариро зери суол барем. Ҳамаи мо савори як киштием. Бар ин вирус танҳо дар ҳолате пирӯз мегардем, ки ҳар яки мо паси сипари ҳимоя қарор бигирем.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ